иҷтимоиёт
ДУШАНБЕ. ЯРМАРКАИ СОЛИНАВИИ ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ
Аз 21 то 31 декабри соли равон дар чор ноҳияи шаҳр ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор мегардад. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» муовини раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода иттилоъ дод.
Ярмарка дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини фаровони бозори истеъмолӣ ва дастархони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи таҷлили Соли нави мелодии 2019 ташкил ёфта, дар он дастранҷи деҳқонону кишоварзони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Аз ҷумла, кишоварзони вилояти Суғд дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Меҳргон» - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор дар буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода - Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур ва деҳқонони шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло» - и ноҳияи Сино, вилояти Хатлон дар майдончаи назди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Саховат» - и ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти ниёзи аввалияро ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод менамоянд. Дар ярмарка аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ низ маҳсулот пешкаш мегардад. Маҳсулот аз равған, гӯшт, шакар, биринҷ, картошка, пиёз ва ғайра иборат буда, нархи арзон дорад. Чунин ярмаркаҳо ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳои миллӣ бо дастури роҳбарияти шаҳр баргузор мегарданд. Имсол низ ба муносибати иду ҷашнҳо дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ дар соли 2018» ярмаркаҳо гузаронда шуд ва дар доираи он давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ба сокинони пойтахт 9 ҳазору 902,1 тонна маҳсулоти хушсифати нисбатан арзон пешниҳод гардид.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2018 №: 249 Мутолиа карданд: 368