иҷтимоиёт
КОМПЮТЕР. МО ВА ФАРЗАНДОНАМОН
Мусаллам аст, ки барномаҳои компютерӣ барои шиносоӣ бо муҳити атроф ва андӯхтани донишҳои нави замонавӣ бешубҳа муфиданд. Вақте фарзанди шумо дар компютер бозӣ карда, расм мекашад, филми тасвирӣ мебинад, ин ба рушди тахайюлоташ ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин, компютер барояш воситаи хубест ҷиҳати тайёр кардани вазифаҳои хонагӣ ва пайдо намудани маълумоти нав тариқи Интернет.
Бо вуҷуди ин, набояд фаромӯш кард, ки компютер зарар ҳам оварда метавонад. Дурудароз чашм ба монитор нишастан метавонад кӯдакро ба бемориҳои гуногун гирифтор созад. Аз ин рӯ, то синни 3 – 4 солагӣ ба фарзандон компютер харидан зарурат надорад. Танҳо аз 5 - солагӣ сар карда, мумкин аст тадриҷан тарзи истифодаашро ба кӯдак омӯзед.
Тибқи тадқиқоти нави олимони амрикоӣ, муддати зиёд паси монитор нишастан, рушди майнаи сари кӯдакро суст месозад. Агар бидуни фосила бо компютер кор кардани шахси солор ду соат бошад, барои кӯдакон он аз ним соат зиёд нест. Баъди он бояд ҳатман истироҳат кунанд.
Ҳодисаҳое кам нестанд, ки волидон дар компютер “ҷангбозӣ” кардан ё филмҳои даҳшатангез тамошо намудани фарзандонашонро дида, «ин танҳо як бозӣ аст» гӯён, даст меафшонанд. Равоншиносон ҳушдор медиҳанд, ки тамошои филму бозиҳои даҳшатангези компютерӣ (ужастикҳо) ба асаби кӯдакон таъсири манфӣ расонда, онҳоро тарсончак ё баръакс сангдилу бераҳм месозад.
Дигар зарари компютер дар он аст, ки бачаҳо ба муошират ва бозиҳои виртуалӣ дода шуда, аз ҳаёти воқеӣ канда мешаванд ва одамгурезу дамдузд ба воя мерасанд. Кӯдаконе, ки вақташонро танҳо дар сари компютер мегузаронанд, ба осонӣ бо ҳамсолонашон забон ёфта наметавонанд. Онҳо ба варзиш шавқу ҳавас надоранд. Ишқи компютер меҳри китобро аз дилашон берун мекунад. Вақте кӯдак китоб нахонад, донишҳои омӯхтааш сатҳӣ буда, дар майнааш амиқ нақш намебандад.
Барои он ки компютер ба саломатӣ ва рӯҳияи кӯдакони шумо таъсири манфӣ нарасонад, машғулияташонро паси монитор ҳатман зери назорат гиред. Бояд донед, ки дар он бо чи гуна бозӣ машғуланд, кадом филмҳоро мебинанд, тариқи Интернет ба кадом сомонаҳо ворид мешаванд.
Барояшон барномаҳои шавқовару муфидро ба компютер ворид созед. Дар сурати риояи ин қоидаҳои одӣ компютер дӯст ва маслиҳатчии хуби фарзандатон мешавад.
Фотима БОБИЕВА,
омӯзгори МТМУ № 62 - и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2018 №: 250 Мутолиа карданд: 417