logo

иқтисод

САНГВОР. МИНТАҚАИ ОЯНДАДОРИ САЙЁҲӢ

«Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имкониятҳои беҳтарин муҳайё кардааст». 
Эмомалӣ РАҲМОН

Бо эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба  манотиқи рангоранги сарзамини кишвар  дар васоити ахбори омма, аз ҷумла  тавассути "оинаи нилгун", наворҳои ҷолиб ва дар матбуоти даврӣ мақолаҳои зиёд  нашр шудаанд. Вале, ҳанӯз ҳастанд мавзеъҳои дилрабо ва таърихие, ки таҳқиқоту муаррифии бештарро мехоҳанд.

Ҳар  минтақаи кишвар табиат ва иқлими ба худ хос дошта, дар алоҳидагӣ метавонад сайёҳони сершуморро ҷалб намояд. Мардуми бофарҳангу меҳнатқарини ноҳияи Сангвор низ  дар ҳамвориҳо, водиҳои сарсабзи  қаторкӯҳҳо сокин гашта, фарҳанг, касбу ҳунар, русуму анъанаҳои ҷолиб доранд. Сарзамини ноҳия низ аз табиати нотакрор ва  набототу ҳайвоноти гуногун иборат аст. Дар кӯҳсори ин ҷо ҳайвонҳои нодир, аз қабили оҳу,  хирс, хукҳои ёбоӣ, нахчир, паланг, барс, рӯбоҳ, қашқалдоқ, суғур ва парандаҳои гуногун мавҷуданд.  Тамошои манзараҳои дилфиреби он, обу ҳавои тоза, кӯҳҳои осмонбӯс, нағмаи мурғони хушилҳом, кӯлу дарёҳо, чашмаҳои шифобахш ва зиёратгоҳҳо бахше аз сарватҳои  бебаҳои ин сарзамин  мебошанд.
Ба гуфти раиси ноҳия Зарифхӯҷа Шоҳиён баҳри босамар истифода намудани чунин имкониятҳои васеъ аз ҷониби мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои муассир андешида шуданд. Тибқи иттилои мавсуф вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  нақшаи чорабиниҳои махсус тасдиқ гардида, амал менамояд. Дар асоси онҳо дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот фестивали маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардида, дастранҷи ҳунармандон ба маъраз гузошта шуд.  Дар ҳама чорабиниҳои дигари ноҳиявӣ низ ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ намоиш дода мешаванд. Масъулон вазифадор гардидаанд, ки дар меҳмонхонаҳо ва хостелҳои сарироҳӣ гӯшаи намоишии маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро  ташкил намоянд.
Тавре мудири бахши иҷтимоии ноҳия Шодӣ Раҳмонов иброз дошт, - диёри Сангвор дорои шароити васеи  рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Иқлим, олами ҳайвоноту наботот, чашмаҳои шифобахш, зиёратгоҳҳои маъруф ва мардуми ҳунарманду меҳмоннавози он  барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризм ва дигар намудҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар сатҳи ҷумҳуриявию  байналмилалӣ мусоидат менамоянд.  Дар радифи имкониятҳо вусъати фаъолияти  соҳибкорон оид ба ташкили агентиҳои хизматрасонии сайёҳӣ зарур омадааст.
Ёдгории таърихии оромгоҳи Ҳазрати Бурхи Валӣ, ки таърихи 5 - ҳазорсола дорад, дар ин ноҳияи дурдаст ҷойгир буда, сертамошотарин зиёратгоҳи ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, беш аз 30 оромгоҳи шахсиятҳои бузурги илму ирфон дар ин гӯшаи зебоманзари кишвар мавҷуд аст, ки имрӯзҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва  мамлакатҳои дигари олам садҳо нафар  ба диданашон меоянд.  Мавзеи  зебои фароғатии Ҳавзи Кабуд ва даҳҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки номи ноҳияро дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур сохтаанд, рушди ояндаи соҳаро дар ноҳия таъмин менамоянд. Ағбаҳои сердолу дарахти Полезаку Харсанг дар қисматҳои марказӣ ва Хобу Рубот дар ҷанубу шарқии ноҳия мавҷуданд, ки барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиби диққатанд. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Хингоб мегузарад, ки он ба масофаи 250 километр  тӯл кашида,  ба дарёи Вахш мепайвандад. Ноҳия  аз сатҳи баҳр дар баландии 1600 то 3000 метр ҷойгир буда, тобистонаш  салқину рӯҳнавоз аст. Барои баҳрагирӣ аз ин имкониятҳои фарохи рушди сайёҳии ноҳия бунёди инфрасохтори соҳа зарур мебошад, ки ҳоло самти муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор гирифтааст.
Дилшод  АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2018    №: 250    Мутолиа карданд: 316
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед