logo

сиёсат

МАВҚЕЪ. АЗ ҲИФЗИ СУЛҲ ТО МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Таҷрибаи зиндагӣ собит месозад, ки дар ҳама давру замон сулҳу ваҳдат кафили рушду тараққиёт ва саодати рӯзгори инсонҳост, ки, хушбахтона, чунин арзиши олӣ дар партави сиёсати хирадмандонаву сулҳофаринии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати сарбаланди тоҷик гардидааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми хеш  ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 22 декабри соли 2017 таъкид ба он доштанд, ки вазифаи муҳимтарини мардуми кишвар аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созанд.
Воқеан, ин таъкиди Президенти маҳбуби кишвар бояд барои ҳар инсони худогоҳ дар ҷаҳони пуртаззоди имрӯз беш аз ҳар вақти дигар арзиши баланд дошта бошад ва хушбахтона, чунин ҳам ҳаст. Зеро дар ҷараёни таҷлили ҷашнҳои фархундаи миллӣ, чорабиниҳои муҳими давлатӣ, аз қабили 27-умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ниҳоди мардуми сулҳпарвари тоҷик аён буд, ки хурду калон ба қадри ин неъмати олӣ мерасанд ва дар ҳифзи сулҳу ваҳдат омодаанд. Ҳамагон ба хубӣ дарк менамоянд, ки имрӯз зуҳуроти терроризму экстремизм ва тундгароии мазҳабӣ ҷаҳонро ба даҳшат овардааст. Ин зуҳуроти нангин ба ягон миллат ва дин робита надорад ва аз андешаҳои зиддибашарии гурӯҳҳои худкома ва дур аз маърифати инсонӣ бархостааст. Тавре Сарвари давлат таъкид месозанд:
«Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Зеро, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Президенти кишвар зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.
Чун ҳамеша ин қавли Пешвои муаззами миллат дар ростои соли 2018 амалан иҷро гардид ва рӯзҳои 3 - 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 400 намоянда аз 48 давлати дунё, 31 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок карданд. Мақсади бевоситаи конфронс таъмини муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез, амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ  ва дигар таҳдидҳои замони муосир буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизбонии чунин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ бори дигар аз мавқеи устувори худ ҷиҳати тақвияти мубориза бо терроризму экстремизм ва пойдории сулҳ дар ҷаҳон паём дода, ҷомеаи ҷаҳониро дар муқовимат бо ин зуҳуроти нангин ба ҳамоҳангиву ҳамдастӣ даъват намуд.
Сурайё  ҶОБИРЗОДА,
муовини якуми раиси суди ноҳияи Шоҳмансур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2018    №: 250    Мутолиа карданд: 301
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед