logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Аваз Ҳукуматов соли 1957 донишҷӯи факултаи физика ва математикаи Университети давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мешавад. Ӯро соли 1961 баҳри идомаи таҳсил дар соли панҷуми хониш ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Санкт - Петербург мефиристанд. Маҳз дар ҳамин солҳо майлу рағбаташ ба илми полимерӣ пайдо мегардад. Дар ин ҷода саҳми олими намоёни рус  профессор Э. Фрисман хеле калон аст.
Комиссияи махсус оид ба тақсимоти мутахассисони ҷавон А. Ҳукуматовро ба кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор тавсия кард. Фаъолиятро дар ин муассисаи таълимӣ ба сифати лаборанти калон оғоз намуда, солҳои 1962-1967 то ба вазифаи ходими хурди илмӣ расид.
Соли 1967 А. Ҳукуматов бо ҳидояти ходими намоёни илми физикаи Тоҷикистон профессор Б. Назруллоев ба шуъбаи аспирантура дар назди кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти Донишгоҳи миллӣ дохил мешавад. Соли 1973 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Таъсири омилҳои қуввагӣ ба дарозумрии полимерҳо» бо муваффақият ҳимоя менамояд.
Солҳои 1972-1975 ба ҳайси ассистент ва муаллими калон, солҳои 1975-1988 дотсенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт фаъолият дошт.
Соли 1988 ӯро мудири лабораторияи махсуси маводшиносии радиатсионии факултаи физика таъйин намуданд.
А. Ҳукуматов дар асоси таҷрибаҳои зиёд оид ба мустаҳкамӣ ва хосиятҳои деформатсионии як қатор моддаҳои полимерӣ дар шароитҳои таъсири омилҳои гуногуни қуввагӣ (тобхӯрӣ ва хамиш), муҳитҳои агрессив ва радиатсия, қонунияти термофлуктуатсионии вайроншавии поли-мерҳоро ошкор намуд. Ӯ собит сохт, ки раванди вайроншавӣ дар ҳама сурат табиати кинетикӣ дошта, омилҳои беруна танҳо ин равандро метозонанд.
Маҳсули корҳои илмӣ ва педагогии ин устод дар бисёр маҷаллаҳои илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд. Дастурҳои таълимиро низ барои донишҷӯёни макотиби олӣ навишта, ба нашр расондааст.
Соли 1987 хизматҳои шоёнашро дар соҳаи таълим ва илм Вазорати маълумоти олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба мукофоти «Барои комёбиҳои шоёни корӣ» сарфароз гардондааст.
Робитаҳои илмии ӯ бо марказҳои илмии пешқадами Россия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии ба номи Михаил Ломоносови шаҳри Москва ва Институти физикӣ - техникии ба номи А.Ф.Иоффеи шаҳри Санкт-Петербург самараи нек оварданд.
Умар АЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 325
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед