logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. БИНОИ ТЕХНОЛОГӢ ДАРИ ХУДРО БОЗ НАМУД

Бо назардошти пешрафту тараққиёти ҷаҳони муосир, зиёд кардани малакаи хонандагон ва тарғиби омӯзиши касбу ҳунари замонавӣ дар макотиби миёна аз  тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ сохтмони биноҳои технологӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ гардидааст.

Дар доираи ҳамкории молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз рӯйи  барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 - и ноҳия бинои технологӣ дорои 3 синфхона мавриди истифода қарор гирифт. Маблағи сохтмон ва таҷҳизоти он зиёда аз 740 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Бунёди бино моҳи июни соли равон оғоз гардида, аз тарафи ҶСК «Вафодор» бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд. 
 Дар рафти ифтитоҳи он Ҳамидулло Маҳмадшозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия ва намояндаи Сафорати Олмон дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд. Ҳамидулло Маҳмадшозода бунёди биноҳои технологиро ҳамчун яке аз рукнҳои сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир муҳим арзёбӣ намуд. Дар ин бино хонандагон дар як вақт аз илмҳои замона бархӯрдор гардида, ҳам касбу ҳунарро аз худ менамоянд.
Сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби бақияи «маблағҳои мутақобила» - и Бонки олмонии рушд, ки дар заминаи ҳамкориҳои молиявӣ ба Бонки аввалини қарзҳои хурди Тоҷикистон ҷудо намуда буд, маблағгузорӣ шуда, бо таҷҳизоти зарурии пухтупаз, дӯзандагӣ, дастгоҳу лавозимоти махсуси дуредгарию харротӣ ва техникаи электронӣ таъмин аст.
Аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар доираи татбиқи барномаҳо соли 2018 бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби таълимии касбомӯзӣ дар 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои минтақа биноҳои технологӣ сохта шуданд.
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2018    №: 252    Мутолиа карданд: 367
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед