logo

иқтисод

ОМОР. ЯК ТАҲҚИҚОТИ МУҲИМ

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ - 2017 (ТТД) - ро муаррифӣ намуд.

Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки давоми панҷ соли охир вазъи солимии аҳолӣ бамаротиб беҳтар шудааст. Агар соли 2012 аз шумораи умумии навзодон 88 дарсад ба қайд гирифта шуда бошад, ин нишондиҳанда соли гузашта 96 дарсадро ташкил медиҳад. Айни замон 96 дарсади таваллуди кӯдакон дар муассисаҳои тиббӣ сурат мегирад, ки  ин рақам панҷ сол қабл 88 дарсадро дар бар мегирифт. Дар ин муддат, вазъи қадпастию камвазнии кӯдакони то панҷсола аз 26 дарсади  соли 2012 то 18 дарсад коҳиш ёфтааст. Нишондиҳандаҳои мазкур  аз баланд гардидани маърифати оиладории занон ва беҳбудии хизматрасонии тиббӣ дар кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омор, зикр дошт, ки агентӣ натиҷаҳои ниҳоии дуюмин таҳқиқоти тиббӣ - демографии Тоҷикистонро, ки соли 2017 гузаронд, барои истифодабарандагони иттилооти оморӣ пешниҳод менамояд. Таҳқиқоти  мазкур бо мақсади пайдо кардани маълумоти дақиқ оид ба вазъи таваллуд, исқоти ҳамл, банақшагирии оила, фавти навзодон, солимии модару кӯдак, ғизо, ВНМО/СПИД, бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда, ҳуқуқҳои занон, зӯроварӣ дар хона ва  масоили дигари сатҳи солимию  некуаҳволӣ дар кишвар сурат гирифт. Гузарондани  тадқиқоти тиббӣ - демографӣ барои таъмини иттилооти зарурӣ ҷиҳати арзёбии татбиқи воқеии стратегияву барномаҳои иҷтимоии амалкунанда, ҳамчунин, таҳияи барномаҳои навбатӣ мусоидат менамояд.
Таъмини шароитҳои арзандаи иҷтимоӣ барои аҳолии ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат мебошад. Таҳқиқоти мазкур дар заминаи ин ҳадафҳо бо супориши Ҳукумати кишвар аз 5 майи соли гузашта роҳандозӣ шудааст. Он баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, муайян намудани афзалиятҳо, беҳбудии сифати хизматрасонии тиббӣ, таъмини ғизои солим, коҳиш додани сатҳи фавти модару кӯдак ва мубталошавӣ ба бемориҳои сироятӣ нақши ҳалкунанда мебозад.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ду таҳқиқоти тиббӣ - демографӣ дар солҳои 2012 - 2017 гузаронда шудааст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2018    №: 252    Мутолиа карданд: 227

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед