иҷтимоиёт
ТОҶИКОБОД. АВЛАВИЯТ БА СОҲАИ ФАРҲАНГ
Дар доираи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 имсол дар ноҳияи Тоҷикобод як қатор корҳо ба анҷом расонда шуданд.
Яке аз комёбиҳои чашмраси фарҳангиёни ноҳия иштироки фаъолона дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018» мебошад. Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур ҳунармандону ҳаваскорони санъати ноҳия ҷои дуюмро дар сатҳи ҷумҳурӣ сазовор гардиданд, ки ин маротибаи аввал нест. Дар озмунҳои қаблӣ низ дар давраҳои ниҳоии «Андалеб» дастаи ҳунарии ноҳияи Тоҷикобод ҷоизаҳои асосии фестивалро ба даст оварда буд. Фестивал - озмуни телевизионии «Андалеб» ва «Бӯстон» як қатор чеҳраҳои шинохтаи ҳунариро аз байни наврасону ҷавонони ноҳия, аз қабили Хурмои Ширин, Садафмоҳи Паҳлавоншо, Самрати Мӯсо, Сабрина Икромова, Дилшод Сангинов, Муминаи Маҳмадисо ва Сулаймони Аҳтамзод рӯи саҳна овард.
Тибқи иттилои мудири бахши фарҳанги ноҳия Саломуддин Кобулиев, айни замон дар ҳудуди ноҳия 20 муассиса, аз ҷумла ду хонаи фарҳанг, яктогӣ клуби сайёри марказӣ ва деҳот, ансамбли тарона ва рақси «Баёзи кӯҳистон», осорхона, боғи фарҳангию фароғатӣ ва 14 китобхона фаъолият доранд. Дар муассисаҳои мазкур 62 нафар корманд адои вазифа менамояд. Саҳми кормандони китобхонаҳо имсол дар баргузории чорабиниҳои фарҳангию тарғиботӣ, аз ҷумла дар озмунҳои «Чароғи ҳидоят», «Библиомарафон», фестивалҳои «Китоб ва мусиқӣ», «Китоби кӯдакон ва наврасон» ва дигар чорабиниҳо назаррас буд.
Айни замон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия сохтмони бинои нави дуошёнаи шуъбаи фарҳанг босуръат идома дорад. Дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он аксари ин норасоиҳо бартараф хоҳанд шуд.
- Бунёди қасри фарҳанги замонавӣ ва баланд гардидани музди меҳнати кормандони соҳа аз моҳи сентябри соли ҷорӣ кормандони соҳаро рӯҳбаланд намуда, онҳоро водор менамояд, ки барои рушду санъату фарҳанги миллӣ ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ бо масъулияти дучанд фаъолият намоянд», - гуфт С. Кобулиев.
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2018 №: 253-254 Мутолиа карданд: 381