logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРО НЕ, ИНСОНГАРО БОШЕМ!

Маълум аст,  ки экстремист дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундгароӣ мебошад. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон –  дин, сиёсат, идеология, илм ва, ҳатто, дар варзиш, ба миён ояд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср, ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ дар миқёси ҷаҳон барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд.
Ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа буда, ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ (максимализм) хос мебошад.  Бештари онҳо аз нигоҳи равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва вобастаи афкору андешаи бегона мешаванд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтанд. Созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ бо назардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони мушкилоти иқтисодию иҷтимоии онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддӣ ҷалб намоянд. Боиси таассуф аст, ки ҷавонони тоҷик низ ба ҳайати ташкилоти террористӣ шомил шуда, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ба манфиати ашхоси бегона ҷангида истодаанд. Баъзеяшон ҳатто фикр намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин сохтору иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди наверо барои дигарон эҷод намуда, ояндаи неки худро аз байн мебаранд. Қисмате аз онҳо дар ин муборизаҳо ба ҳалокат расидаанд. Онҳо бо ин амали нангину даҳшатбори худ ба шарафу номуси давлату миллати хеш доғ оварда, барои падару модар ва наздиконашон ғаму андуҳ меоранд. Аксарияти ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротгаро шомилгардида аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз Ватан қарор доштанд.
Ҳукумати мамлакат барои аз ин роҳ баргардондани ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат санадҳои меъёрию ҳуқуқии муҳимеро ба тасвиб расонд.  Боиси хушнудист, ки аксарияти ҷавонони мо дар пайи омӯзиши илму дониш ва иҷрои амалҳои нек ҳастанд. Ҷавонони бомаърифат метавонанд дар оянда барои халқу миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Ҷавонони моро зарур аст, ки қурбони терроризм ва ифротгароӣ нашуда, мақсаду мароми асосии гурӯҳҳои террористиро дарк намуда, барои рафъи он кӯшиш кунанд. 
Талошҳои шумо - ҷавонони ояндасоз дар рушду нумӯи кишвари азизамон моро бовар мекунонад, ки бо ҳисси  баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории  миллӣ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувории мавқеи он дар миқёси ҷаҳонӣ сафарбар менамоед.
Лутфия РАҶАБОВА,
омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 254
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед