logo

иқтисод

ИҚТИСОД. БА ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ АВЛАВИЯТ ДИҲЕМ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  22 декабри соли 2017 зимни ироаи Паём  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз ҷумла зикр намуданд: “Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат ба маводи озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат барномаи нави давлатии амнияти озуқавориро таҳия ва татбиқ созад”. Дар ин замина, дар қатори дигар идораю ташкилотҳо дар назди Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (“Тоҷикстандарт”) низ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Яке аз масъалаҳои асосӣ, ки ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид,  ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок ва таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат буд.
Қудрат Давлатзода, директори агентӣ, доир ба фаъолият ва дастовардҳои соҳа зикр намуд, ки  ҳадафи асосии мо дар ин давра тақвияти рушди соҳибкорӣ ва муаррифии молу маҳсулоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, афзудани иқтидори содиротии мамлакат бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва бозорҳои мамлакат бо молҳои баландсифату рақобатпазири ватанӣ ва риояи талаботи бехатарии маҳсулот, ҳифзи саломатӣ ва муҳити зист, ташкили замина ва ҳамкории васеъ  барои ба даст овардани муваффақиятҳо дар соҳаи сифат равона гардид. Номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад ва содироти даҳҳо номгӯй  ашёи хом ба хориҷи кишвар кам гардид. 
Вобаста ба пешгирии воридоти маҳсулоти ғизоии пастсифат, дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба миқдори 2196,4 тонна маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ ошкор гардид, ки аз ин 1 318,6  тонна аз рӯи сифат ва бехатарӣ ва  877,8 тонна  аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯй набуданд.
Ба гуфтаи Қ. Давлатзода, ҷиҳати пешгирии воридшавии маҳсулоти ғизоии пастсифат ба бозори истеъмолӣ фаъолияти босамари озмоишгоҳҳо муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ин замина, бо мақсади тавсеаи пойгоҳи  техникии озмоишгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои агентӣ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии ташхис, хусусан дар самти ташхиси бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили муайян намудани пестисидҳо, миқдори массавии қанд, ташхиси дақиқи радионуклидҳо ва дигар нишондодҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат як қатор таҷҳизоти муосир дастрас ва насб гардиданд. Барои нигоҳдории сатҳи баланди ташхисӣ ва иҷрои талаботи стандарти ИСО/МЭК 17025:2013 мувофиқ ба нақша ва барномаи маркази ташхисӣ аз тарафи мутахассисони таҷрибадор дар озмоишгоҳ аудити дохилӣ гузаронда мешавад.
Аз ҷониби мутахассисони агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ, вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 5566 ҳолат, ба маблағи умумии 1 411 850  сомонӣ ҷарима таъйин шуда, ба буҷети давлат пардохт гардид.
Дар самти дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва зиёд гаштани истеҳсолоти маҳсулоти  дохилӣ як қатор корҳо амалӣ шуда истодаанд, ки дар ин замина, воридоти баъзе намуди молу маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт. Масалан, орди гандумӣ 15486 тонна (28 дарсад),  гӯшти мурғ 12909 тонна (36 дарсад), тухми мурғ 8078 тонна (83 дарсад) кам ворид гардид.
Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” нозирони давлатӣ фаъолияти санҷиширо дар корхонаҳои истеҳсолӣ пурра қатъ ва онро ба корҳои фаҳмондадиҳӣ иваз намуданд. Аз тарафи мутахассисон дар асоси дархости субъекти хоҷагидор 7373 корҳои сертификатсионии молу маҳсулоти истеҳсолӣ гузаронда шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки “Тоҷикстандарт” дар озмуни беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохт- мони майдончаҳои варзиш, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе  дар самти бунёди майдончаи варзиш сазовори ҷойи якум гардид ва аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо туҳфаи хотиравӣ қадр шуд.    
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 175

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед