иҷтимоиёт
УСТОИ СОХТМОН. ДАР БОРАИ ҚУРБОН ЮСУФОВ
Боиси ифтихор аст, ки дар диёри биҳиштосои мо шахсиятҳои наҷибу некбин ва қавиирода зиёд буда, аз мактаби инсондӯстию инсонгароии онҳо дигарон баҳра мебаранд. Яке аз чунин шахсон Қурбон Юсуфов буда, солҳои зиёд дар рушду нумӯи соҳаи сохтмон ва меъморӣ саҳми арзанда гузоштааст. Агар мо ба солҳои 50 - уми асри гузашта назар афканем, мебинем, ки ниҳоди садоқату муҳаббат ба Ватан аз ҳама боло меистод. Қурбон Юсуфов парвардаи ин мактаб буда, дар сафи пеши бинокорон истода, баҳри фардои дурахшони мамлакат хизмат менамуд.
Ӯ баъди хатми бомуваффақияти Донишгоҳи аграрӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси сармуҳандис дар хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) оғоз намуда, баъдан дар вазифаи муҳандис - сохтмончии муассисаҳои трести «Гражданстрой» фаъолият кардааст.
Маҳз дар ҳамин давра марҳалаи нави авҷи корҳои сохтмонӣ ба монанди қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, иншооти азим, кӯчаву хиёбонҳои муҳташам оғоз гардид. Дар он давра ягона камбудӣ ин нарасидани кадрҳои асосии техникию сохтмонӣ ба ҳисоб мерафт. Барои аз байн бардоштани ин мушкилот тарбияи касбии кадрҳо дар худи истеҳсолот ба роҳ монда шуд.
Аввалин иқдомро Қурбон Шамсуллоевич дар трести «Гражданстрой» ҷорӣ намуд. Ӯ ҷавонони зиёдеро бо ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта, ба онҳо аз сирру асрори техника, тарзу низоми сохтмон дарс мегуфт ва кӯшиш мекард, ки фарзандони ҳақиқии халқу диёри худро дар меҳнат обутоб дода, дар оянда онҳо беҳтарин бунёдгарони Ватан гарданд. Хушбахтона, орзуҳое, ки ӯ дар дил дошт имрӯз амалӣ гаштанд. Абдукарим Турдиохунов, Наим Ҳаитбоев, Мунаввар Додохонов, Муродалӣ Солеҳов, Музаффар Равшанов, Файзулло Тиллоев ва даҳҳо дигарон аввалин шогирду дастпарварони ӯ буда, ба мартабаҳои баланд расидаанд.
Ҳангоми дар идораҳои сохтмонӣ фаъолият намуданаш ӯ байни роҳбарони тресту вазоратҳо ҳамчун мутахассиси кордон ва ташкилотчии моҳири истеҳсолот шинохта шуд. Кордониву маҳорати ӯро ба инобат гирифта, ба вазифаи сардори трести «Тоҷикспетстроймеханизатсия» таъйин намуданд.
Дар баробари ин, ӯ дар бунёду тармими Комбинати равған, заводҳои ба номи Орҷоникидзе, «Текстилмаш», яхдонбарорӣ, «Тоҷикагрегат», чандин маҳаллаҳои истиқоматию хатҳои гармидиҳӣ ва обу корез дар пойтахт саҳм гирифт.
Заводи нуриҳои азотии Вахш, Комбинати абрешиму қолинбофӣ дар Хуҷанд, фурудгоҳи шаҳри Исфара, заводҳои «Селмаш» дар ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) «Автозапчаст» дар Конибодом, Фабрикаи трикотаж дар Истаравшан, Комбинати хизмати маишӣ ва меҳмонхонаи «Хатлон» дар Кӯлоб, клуб, истгоҳи автоматии телефонӣ ва заводи кимиёвии Ёвон низ бо кӯшишу ғайрати онҳо сохта шуд.
Ҳамчун роҳбари трести «Душанбестрой» саҳми худро дар бунёди чандин иншооти баландошёна ба монанди «Хонаи радио», меҳмонхонаи «Тоҷикистон», собиқ Маркази ҳисоббарорӣ (Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), бинои нуҳошёнаи рӯ ба рӯи фурӯшгоҳи марказӣ гузоштааст.
Ҳукумати ҷумҳурӣ хизматҳои ӯро ба назар гирифта бо ду ордени «Нишони фахрӣ» ва медали «Барои меҳнати шоён» қадрдонӣ намудааст.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2018 №: 253-254 Мутолиа карданд: 332