logo

иқтисод

БОНКДОРӢ. ВАЗЪ БЕҲБУДӢ МЕЁБАД

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба ояндабинии рушди  молиявии  иқтисод  бо ҳузури   роҳбарони вазорату идораҳо, коршиносони мақомоти  гуногуни  идоракунии давлатӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ мизи  гирд   баргузор шуд.

Дар  ҷамъомад масъалаҳои солимгардонии низоми бонкӣ, ташаккули сиёсати буҷетӣ,  татбиқи таҷрибаи муосири омоданамоии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди ММД барои давраҳои миёнамуҳлат ва  таъмини ислоҳот ҷиҳати  беҳтар намудани фазои сармоягузорию  рушди соҳибкорӣ  баррасӣ гардиданд.
Ба гуфтаи Ғафур Расулов, сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ,  мақомоту ниҳодҳои бонкиро     зарур аст, ки  баробари пешбурди  хизматрасониҳои молиявӣ  баҳри   амалисозии ҳадафҳои  стратегии Ҳукумат талош намоянд.
- Вақте аз ҷониби ҳамаи ниҳодҳои молиявӣ баҳри  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан   аз бунбасти коммуникатсионӣ ва  таъмини маҳсулоти бехатари  озуқаворӣ  таваҷҷуҳи  хосса зоҳир мешавад, барои ноил гардидан ба  ҳадафҳои стратегӣ заминаи боэътимод фароҳам мегардад. Аммо бо сабаби ба вуҷуд омадани  буҳрони  ҷаҳонии  иқтисодӣ соли  2014   ва таъсири он ба кишвари мо  фаъолияти бархе  аз бонкҳо, аз ҷумла  «Тоҷиксодиротбонк» - у «Агроинвестбонк»  ба куллӣ коста гардид.  Маълум   гашт, ки сохтори низоми идоракунии  бонкҳо  дар сатҳи  паст қарор дошта,  бавижа  набудани кадрҳои баландихтисоси соҳа,  эҳсос шуд, - гуфт Ғафур Расулов.
Нурмуҳаммад Шарифов, директори департаменти Бонки миллӣ, иброз дошт, ки  роҳбарияти бонк  дар  натиҷаи  гузарондани чораҳои солимгардонии ташкилотҳои қарзӣ  то ин дам ҳаҷми  қарзҳои ғайрифаъолро, ки сабаби асосии мушкилот буданд,  қариб 31 дарсад кам намуд. Бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта дар низоми бонкӣ сатҳи амонатгузории аҳолӣ  ва шахсони ҳуқуқӣ тамоюли болоравӣ дорад. Соли равон  меъёри  пардохтпазирии низоми бонкӣ 71 дарсадро ташкил дод,  ки нисбат ба талаботи муқарраршуда 42 дарсад афзудааст. Ҳоло яке аз корҳои  асосие, ки  масъулони бонкҳо бояд анҷом диҳанд,  ба фаъолияти  даромади фоизӣ машғул шудани онҳост. Ҳамчунин, барои гузарондани ислоҳот дар низоми молиявии кишвар қабул намудани санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, аз ҷумла барои роҳандозии таҷрибаҳои муосири бонкдории  ҷавобгӯй  ба талаботи байналмилалӣ,  зарур аст. Дар асоси санадҳо таъсиси идораҳои алоҳида барои  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва   суботи молиявӣ ба манфиати кор хоҳад буд. 
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 187

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед