logo

иҷтимоиёт

РАШТ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР МЕШАВАД

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Раҳимҷон Набизода, муовини якуми раиси ноҳия ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки давоми соли равон ба ин муносибат дар 41 иншоот корҳои таъмирию сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар доираи корҳои омодагӣ моҳи сентябри соли равон бо иштироки раиси ноҳия Қаноатшо Лоиқзода, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Аҳмадзода бинои иловагии муассисаи таълимии № 37 - и деҳаи Қулои Ҷамоати деҳоти Навдӣ бо тантана мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамчунин, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ 187 иҷозатнома пешниҳод гардид. Аз ин ҳисоб, ба буҷети маҳаллӣ 17 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст.
Аз ҷониби КФ КВД «Лоиҳакаш» дар ин давра 236 лоиҳа, аз  ҷумла  226 лоиҳаи сохтмони  манзили  истиқоматӣ ва 10 лоиҳаи сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ таҳия шуд, ки маблағи умумии аз ин ҳисоб ба корхона даромадшуда 150,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои дар сатҳи лозимӣ нигоҳ доштани роҳҳо ба маблағи 169 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонда шудаанд. Аз ин 2 пул дар роҳҳои маҳаллӣ таъмир гардида, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Сурхоб аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Вазорати нақлиёт ба иҷро расиданд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорону шахсони саховатпеша роҳҳои мошингарди Сарипул - шаҳраки Навободро ба масофаи 8 километр, шаҳраки  Навобод - деҳаи Поҷеи Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода 8 километр ва шаҳраки Навобод - Ҷамоати деҳоти Тагоба 8 километр асфалтпӯш шудаанд. Дар Ҷамоати деҳоти Ҳоит 76 километр роҳи ҷумҳуриявӣ ва 36,8 километр роҳи маҳаллӣ мавҷуд аст, ки барои таъмири онҳо беш аз 130 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Дар ин ҷо аз тарафи муассиса 5 километр роҳҳои автомобилгард шағалпӯш ва  50 километр роҳҳои дигар аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд.
Аҳолӣ низ ба корҳои созандагӣ ҷалб шудаанд. Амалҳои хайриявӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ва муассисони онҳо ҳамчун иқдоми некбинона бештар гардидааст. Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби масҷидҳои ҷомеъ ба ҳар 17 оилаи ятиму бепарастор 300 сомонӣ ва ба 1 оилаи маъюб 1500 сомонӣ кумакҳои пулӣ расонда шуд, ки маблағи умумии он 7450 сомониро дар бар мегирад. Илова ба ин, бо иқдоми иттиҳодияҳои динии ноҳия ба муассисаҳои таълимӣ 4 компютер тақдим карда шуд. Ҳамчунин, барои мумфарш кардани роҳи мошингарди байни шаҳраки Ғарм ва Навобод ба маблағи 10500 сомонӣ кумак расонданд.
Гузашта аз ин, дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи иди саиди Фитр бо ҷалби соҳибкорон, шахсони саховатпешаву аҳли ҷамоатчигӣ ба 3514 оилаи ятиму бепарастору камбизоати ноҳия 838430 сомонӣ кумакҳои гуногуни молию пулӣ дода шуд. Ҳамчунин, сохта ба истифода додани манзили истиқоматӣ барои як оилаи маъюб ба маблағи 55000 сомонӣ, 9 синфхона 345000 сомонӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ 120000 сомонӣ, бунёди пул ва таъмири 37 километр роҳу кӯчаҳои дохили маҳаллаву деҳаҳо 141400 сомонӣ сурат гирифтааст. Ба маблағи 8000 сомонӣ ба беморхонаи рӯҳӣ кумак расонда шуд. Ҳаҷми умумии кумакҳо қариб 1730 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
- Ҳамин тариқ, бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо ва азму иродаи сокинони заҳматпеша дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳия уфуқҳои тозаи рушдро касб мекунад, - гуфт Раҳимҷон Набизода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 340
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед