иҷтимоиёт
ДУШАНБЕ. МАРҲАБО, СОЛИ НАВ!
Шоми Душанбе бо ороишоти солинавӣ боз ҳам зеботар менамояд. Аз тамошои он хурсандии кӯдакону наврасонро ҳадду канор нест. Арчаи солинавии 27 – метра дар майдони «Дӯстӣ» - и пойтахт бо 12 ҳазор бозичаҳову муосиртарин таҷҳизоти зиннатбахш диққати сокинону меҳмонони шаҳрро ба худ ҷалб намуда, ба макони дилхушӣ ва сайру саёҳат табдил ёфтааст.
Шарофиддин Талабов, муовини директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», гуфт, ки арчаҳои солинавӣ дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт - Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони 800 - солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ, назди бинои Сирки давлатӣ ва майдони шафати Прокуратураи генералӣ қомат афрохтаанд. Атрофи арчаҳо ороишот бо шаклгирии ҳар гуна намои хусусияти фароғатӣ – тарбиявӣ дошта, бунёди нуқтаҳои фурӯши хизматрасонӣ, барномаҳои ҳунарии театркунондашудаи ҷавонону наврасон ва мусиқиҳо гузошта шудаанд, ки фазои нотакрори идонаро ба вуҷуд овардаанд. Омодагии сатҳи баланд ба таҷлили Соли нави мелодӣ дар доираи татбиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба хотири бошукӯҳ ҷашн гирифтани Соли нави 2019 роҳандозӣ гардидааст.
Абдумаҷид Ҳакимзода, сардори раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр, иттилоъ дод, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 31 декабр аз соати 20:00 то 22:00 дар майдони «Дӯстӣ» - и пойтахт ва чор ноҳияи он шоу – барнома ва маҳфилҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандону ҳаҷвнигорони маъруф доир мегарданд. Аз ҷумла, 29 декабр дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон барои хонандагон ва тарбиятгирандагони мактаб - интернатҳои ҳудуди шаҳр барномаи рангини консертӣ таҳти унвони «Шаҳри орзуҳо» гузаронда мешавад. Чорабинӣ қариб 2 ҳазор тарбиятгирандаи мактаб – интернат ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро фаро гирифта, ба онҳо аз номи роҳбарияти шаҳр туҳфаҳои солинавӣ тақдим мешавад. Масъулони дастгоҳи раиси шаҳр вазифадор гардиданд, ки дар арафаи ҷашн ба аёдати пиронсолону ятимон раванд.
Аз 21 то 31 декабр низ бо мақсади таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ва дастархони идонаи сокинону меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти хушсифат ва арзон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор мегардад.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2018 №: 253-254 Мутолиа карданд: 422