logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 10, мод. 146; с. 1999, № 11, мод. 278; с. 2003, № 8, мод. 453; с. 2005, № 12, мод. 642; с. 2006, № 3, мод. 147, № 7, мод. 339; с. 2007, № 5, мод. 361; с. 2009, № 7-8, мод. 491) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун қисмҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ ва сархатҳо бо дефис (-) ишора карда, калимаҳои «ин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
-сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ- намуди фаъолиятест, ки ба таври ошкоро ё махфӣ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби мақомоти давлатии бо Қонуни мазкур ваколатдоршуда, бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, моликият, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷинояткорона амалӣ карда мешавад;»;
-сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-ҷамъоварии маълумот- гирифтани маълумоти барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зарур тавассути фиристонидани дархост ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки чунин маълумотро дорад ё метавонад дошта бошад, ҳамчунин дастрас намудани он бо роҳи шиносшавии бевосита бо сарчашмаҳои моддии дахлдор, аз ҷумла манбаи маълумоти оперативӣ, криминалистӣ ва манбаи дигари маълумот (ҳисобот), низоми иттилоотӣ ва дигар сарчашмаҳо;».
3. Ба моддаи 2 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-дарёфт ва ошкор намудани моликияти аз тарафи суд мусодирашаванда.».
4. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.».
5. Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ танҳо барои расидан ба мақсад ва иҷрои вазифаҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.».
6. Дар моддаи 8:
-дар қисми якум калимаи «қонун» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад;
-дар қисми нӯҳум рақамҳои «8-11» ба рақамҳои «9-12» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 9:
-дар қисми сеюм калимаи «ходимони» ба калимаи «кормандони» иваз карда шавад;
-дар қисми шашум калимаи «судя» ба калимаҳои «ба суд» иваз карда шавад.
8. Дар қисми дуюми моддаи 11 калимаҳои «ва барои исботкунӣ дар парвандаи ҷиноӣ мутобиқи қоидаҳои қонунгузории ҷиноию мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «инчунин барои исбот дар парвандаи ҷиноятӣ тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 12:
-дар қисми якум калимаҳои «дар бораи шахсони махфӣ ба онҳо ёрирасонанда» ба калимаҳои «дар бораи шахсони ба онҳо ба таври пинҳонӣ кӯмаккунанда» иваз карда шаванд;
-дар қисми дуюм калимаҳои «дар бораи шахсони махфӣ ба онҳо ёрӣ мерасонанд ва ёрӣ расонидаанд» ба калимаҳои «дар бораи шахсоне, ки ба онҳо ба таври пинҳонӣ кӯмак мекунанд ё кӯмак кардаанд» иваз карда шаванд.
10. Дар банди 2) моддаи 14 баъд аз калимаҳои «супоришҳои хаттии» калимаҳои «мақоми таҳқиқ,» илова карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 16 баъд аз калимаҳои «дахолат намояд» калимаҳои «ба истиснои шахсоне, ки бевосита тибқи Қонуни мазкур ваколатдор карда шудаанд» илова карда шаванд.
12. Дар қисми сеюми моддаи 17 калимаҳои «ёрии махфии» ба калимаҳои «кӯмаки пинҳонии» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 18:
-дар қисми ҳафтум калимаҳои «қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шаванд;
-дар қисми ҳаштум калимаи «Қонун» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
14. Дар қисми сеюми моддаи 21 калимаҳои «пинҳонӣ ёридиҳанда» ба калимаҳои «ба таври пинҳонӣ кӯмаккунанда» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон               Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2009, № 567

 

Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2009, № 1448


Қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти  оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 ноябри соли 2009, № 699


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1868
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед