logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Номи Меҳралӣ Сафармамадов миёни дилдодагони шеъру суруд аз солҳои 60 - уми садаи ХХ маъруфу машҳур аст. Оҳанги ба шеъри маъруфи мардумии "Шолгули заррин сарандози ту" офаридаи ӯ, зуд муаллифро машҳур гардонд. Бори нахуст онро дар консертҳои дастаҳои сайёри Филармонияи давлатии Тоҷикистон Назархудо Амонбеков иҷро намуда буд. Сабти суруди мазкур бо овози Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – Зафар Нозимов дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва радиою телевизиони марказии СССР шунавондаю намоиш дода шуд. Сипас, "Шолгули заррин" ба барномаи консертии сарояндагони наслҳои гуногун ворид гардида, ҳоло ҳам миёни ҳаводорони таронаҳои мардумӣ маҳбубияти хос дорад.
Меҳралӣ Сафармамадов аз хурдӣ дар муҳити фарҳангӣ тарбия ёфтааст. Амакаш Абдулкарим Абдураҳимов яке аз чеҳраҳои намоёни санъати тоҷик ба шумор меравад. Навозандаи чирадасти асбоби халқӣ ва сарояндаи хушовоз А. Адураҳимов зеҳни тез, хотираи қавӣ маҳорати табиии  ҷиянаш Меҳралиро пайхас намуда, аз хурдӣ ба тарбияи ӯ мепардозад. Маҳз дар ҳамон солҳо нисбат ба худ ниҳоят серталаб будани ӯ ошкор гардид. Пайваста маҳораташро такмил медоду ҳунараш сайқал меёфт. Дар синни 15 – солагӣ ӯ ҳамчун рубобнавози бомаҳорат дар байни аҳли санъати Бадахшон ном бароварда буд.
Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев ӯро ҳамчун навозандаи рубоби бадахшӣ ба ҳайати ансамбли он замонҳо хеле машҳури этнографии тарона ва рақси "Помир" – и Филармонияи давлатии Тоҷикистон даъват менамояд. Маҳорати табиӣ ва истеъдоди фитрии ӯро муҳити ҳунарии дастаи мазкур сайқал дода, барои инкишофи маҳорат, аён гардидани паҳлуҳои нави истеъдодашу фаррохтар гаштани майдони мусиқифаҳмиаш шароити мусоид фароҳам овард.
Тӯли бист соли фаъолияти хеш дар Кумитаи давлатии телевизион ва радио бештар аз 100 суруд офарид, ки ҳамаи онҳо дар Хазинаи тиллои Радиои Тоҷикистон маҳфуз буда, дар дили ҳаводорони  санъат маскан гирифтааст.
Ба сурудҳои ӯ самимият, меҳру муҳаббати хоса, садоқат ба ёру диёр ҳисси ифтихормандӣ аз миллату Меҳани хеш хос аст. Аз ҳамин ҷост, ки сарояндагони зиёде офаридаҳои ӯро сароидаанд. Ҳар як сурудаш дар барномаи якчанд сароянда ҷой гирифтааст.
Навоҳои халқӣ дар эҷодиёти Меҳралӣ Сафармамадов оҳангу маънии нав касб намуда, олами маънавии инсони созанда ва намояндаи замони навро мекушоданд. Аз ин ҷиҳат, оҳангҳои офаридаи ӯ бо маҳорати фитрии сарояндагони таронаҳои мардумӣ Нигина Рауфова ва Нуқра Раҳматова тавъам омада, нозукиҳои оҳангҳои миллиро дар қабои нав ба самъи  шунавандагон мерасонд. Диққати Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нигина Рауфоваро назокати миллӣ доштани ашъори оҳангсоз ва фасоҳату балоғати маънавии мусиқиаш ба худ ҷалб кард. Дар асоси оҳангҳои офаридаи М. Сафармамадов сарояндаи дӯстдоштаи мардумӣ  як қатор сурудҳоеро офарид, ки ҳиссиёти инсониро бо рангу бӯи тоза ва таровату назокати хосса ифшо месозанд. Сурудаҳои "Ҳусни ёр" (шеъри Қ. Муҷиддин), "Ишқи хубон" (ғазали Амир Муиззӣ), "Аз дилам мегузарад" (шеъри Муҳаммадалишо Ҳайдаршо), "Ёди ҳиҷрон" (шеъри Амонбек Шоҳзода) аз ин ҷиҳат хеле ҷолибанд.
Офаридаҳои Меҳралӣ Сафармамадов на танҳо бо салосату фасоҳати оҳангҳояшон фарқ карда меистанд, балки балоғати маънии  матнҳо низ ба онҳо хос мебошад.
Оҳангҳои офаридаи мелодисти маҳбуби тоҷик - Меҳралӣ Сафармамадов на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он – дар Олмону Булғористон, Муғулистон, Афғонистон, Покистон,  Эрон ва соири дигар кишварҳои Осиё – садо дода, миёни дилбохтагони созҳои мардумӣ маҳбубияти том касб намудаанд.
М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2018    №: 255    Мутолиа карданд: 355
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед