logo

иҷтимоиёт

ХУҶАНД. ШАҲРЕ, КИ ОРЗУҲО САБЗ МЕШАВАНД

Хуҷандшаҳри куҳану ҳамешаҷавон аз ҷумлаи марказҳои бузурги илму фарҳанг ва тиҷорати на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ аст, ки сокинони меҳнатқаринаш барои пешрафти он заҳмат мекашанд. Имрӯзҳо мардуми Хуҷанди бостон бо вусъат додани корҳои ободонӣ ба сӯйи уфуқҳои тозаи рушд қадам мениҳанд. Барои инъикоси рафти омодагиҳо ба пешвози Ҷашни бузурги миллӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳ гирифтем ҷониби ин гӯшаи ободу хуррами диёр ва суҳбате доштем бо раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода.

- Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нақшаи чорабиниҳоро оид ба ободонию бунёдкорӣ тасдиқ намуд. Дар доираи он, бунёду навсозӣ ва тармиму таҷдиди 510 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳо, коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, биноҳои маъмурию хизматӣ ва истиқоматии баландошёна, чойхона ва марказҳои хизматрасонӣ дар назар аст. Бояд зикр кард, ки то имрӯз бо харҷи беш аз 322 миллион сомонӣ 137 иншоот бунёд ёфта, 821 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид, - гуфт  Маъруф Муҳаммадзода.
Маврид ба ёдоварист, ки дар шаҳри Хуҷанд барои оммавигардонии варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим диққати махсус дода мешавад. Соли равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин радиф шиногоҳи соҳили дарёи Сир, ки солҳои зиёд аз истифода берун монда буд, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 5 гектар таъмир гардид. Шиногоҳ ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, дорои майдончаи волейбол, мизи теннис ва дигар бозиҳои варзишӣ, ҳамчунин, нуқтаҳои савдо мебошад. Айни замон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохтмони ҳавзи шиноварӣ дар назди Муассисаи давлатии “Мактаб барои хонандагони болаёқат” - и шаҳр идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.
Ба ҷуз ин, дар шафати варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» толори футбол бо 200 ҷойи нишаст бунёд ёфт, ки харҷи он  зиёда аз се миллион сомониро ташкил дод.  Дар маҳаллаи 32 барои кӯдакон майдончаи варзиш ба истифода дода шуда, то соли 2021 дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр боз 25 - тои дигар бунёд меёбад.
Барои фароҳам овардани шароити созгори таҳсил ва умуман, рушди соҳаи маориф, дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳоло аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша таъмиру навсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дорад. Чунончи,  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№5 ва 16-и шаҳр бо харҷи беш аз 270 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва саҳми ашхоси саховатпеша аз таъмир бароварда шуд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров таъмир гашт. Инчунин, сохтмони бинои нави кӯдакистони №3, ки  аз 3 бино иборат буда, барои 320 нафар пешбинӣ гардидааст, идома дорад.
Яке аз бандҳои нақша таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард мебошад. То ин давра 33 километр роҳи маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бевосита раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ аз назди бонки «Арванд» то буриши кӯчаи Камоли Хуҷандӣ,  кӯчаҳои 30-солагии Ғалаба, Сирдарё ва роҳҳои маҳаллаи 34 бо сифати баланд мумфарш карда шуданд.
Барои беҳтар намудани вазъи нақлиёти мусофиркаш дар шаҳр шаш хатсайри нав таъсис ёфта, дар доираи лоиҳаи “Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд” бо дастгирии бонки Аврупоии таҷдид ва рушд аз Федератсияи Россия 100 автобуси тамғаи “ЛиАЗ” ворид гардид. Арзиши умумии лоиҳа наздики 27 миллион доллари  ИМА - ро  ташкил дода, то имрӯз беш аз 15 миллион доллар аз худ карда шуд. Дар баробари ин, 90 истгоҳ таъмир шуда истодааст.
Шоистаи таъкид аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бошукӯҳи миллӣ сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ, расадхона ва хона-музейи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ оғоз ёфта, соли 2019 дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Тибқи лоиҳа, дар ин мавзеъ гузоштани муҷассамаи Абумаҳмуди Хуҷандӣ, бунёди чойхонаи миллӣ, фаввораю гулгаштҳо ва майдончаҳои истироҳатӣ дар назар аст.
Иншооти дигари ҷашнӣ бунёди зеристгоҳи барқии “Темурмалик” (иқтидораш 110/10 кВ) бо насби 2 трансформатор ва кашидани хати барқии 110 кВ мебошад. Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 4 миллион доллар татбиқ мешавад.
Ба гуфтаи раиси шаҳр, он барои системаи барқрасонӣ хеле муҳим аст. Зеро аҳолии шаҳр рӯз ба рӯз афзоиш меёбад ва табиист, ки талабот ба неруи барқ ҳам зиёд мегардад. Бо бунёди ин зеристгоҳ таъминот бо қувваи барқ беҳтар гардида, талафоти он аз 23 ба 9 дарсад коҳиш меёбад. Дар маҷмӯъ зеристгоҳи барқии нав беш аз 25 ҳазор муштарӣ, аз ҷумла 15 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷандро бо қувваи барқ таъмин менамояд.  
Хуллас, дар Хуҷанд баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ  рӯз ба рӯз вусъати тоза мегиранд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти замонавӣ симои шаҳр  боз ҳам зеботар хоҳад шуд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2018    №: 255    Мутолиа карданд: 342
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед