иҷтимоиёт
ҲИММАТИ ЯК МАРД
Дар баробари бомаром ҷараён доштани корҳои ободонию созандагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ соҳибкорон низ аз ҳисоби даромадҳои худ дар бунёду навсозии иншооти соҳаи тандурустӣ, фарҳанг ва маориф саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Соҳибкор Абдулвоҳид Хонов аз зумраи чунин мардони саховатпеша мебошад. Ӯ дар ободонии зодгоҳаш - деҳаи Ярхаби Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак саҳм гузошта истодааст.
Ин марди саховатпеша кайҳо боз дар дил орзуи зиёрати хонаи Худоро мепарварад. Барои амалӣ намудани орзуи деринааш, яъне зиёрати Каъбатуллоҳ 60 ҳазор сомонӣ маблағ ҳам ҷамъ оварда буд. Вале ҳамеша қалбашро як чиз ба дард меовард. Мушкилоти бачаҳоро аз нарасидани синфхонаҳо дида, дилаш ба онҳо месӯхт.
Ва ниҳоят... Абдулвоҳид барои бачаҳои деҳаи худ сохтани синфхонаҳои иловагиро заруртар шуморида, аз рафтан ба ҳаҷ мунсариф гардид. Бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва пирони кордида маслиҳат намуда, маблағҳои ҷамъовардаашро барои сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ равона кард.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ин иқдоми ӯро дастгирӣ намуда, аз ҳисоби заминҳои деҳаи Ярхаб барои сохтмони синфхонаҳо қитъаи замин ҷудо намуд.
Корҳои сохтмонӣ аз фасли баҳори соли ҷорӣ бомаром ҷараён гирифта, ҳоло дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Сохтмончиён тасмим гирифтаанд, ки то 1 январи соли 2019 синфхонаҳои иловагиро ба истифода диҳанд. Дар арафаи Соли нав ин туҳфаи хубе барои толибимони деҳа хоҳад гардид.
Абдулвоҳид Хонов ҳамеша аз рафти корҳои сохтмонӣ хабар мегирад. Аз суруру шодие, ки дар чеҳраи ӯ ва ҳамдиёронаш ҳувайдост, маълум мегардад, ки ба нияташ расидааст.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2018 №: 257-258 Мутолиа карданд: 360