logo

иҷтимоиёт

САДРӢ САЪДИЕВ: "ДУШАНБЕРО НАШИНОХТАМ"

Суҳбати мо бо пажӯҳишгари номвар, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Ӯро ҳамчун сайидошиноси маъруф ба ҷашни 400 - солагии Сайидои Насафӣ даъват карда буданд.
Садрӣ Саъдиев то соли 1985 ба ҳайси ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият дошт ва таҳти роҳбарии донишманди шаҳир Расул Ҳодизода мавзӯи илмӣ гирифта, рӯзгор, осор ва вижагиҳои эҷодии Сӯзании Самарқандӣ ва Сайидои Насафиро таҳқиқ кардааст.
Маърӯзаи илмӣ ва китоби тозанашри ӯ – «Сайидои Насафӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳр дар нимаи дувуми асри XVII» - ро ҳозирин гарм истиқбол карданд. Дар муаррифии китоби мазкур Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи илмҳо, иштирок намуда, қаноатманд аз он шуд, ки дар шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро Садрӣ Саъдиев барин фарзандони тоҷик чароғи робитаҳоро фурӯзон нигаҳ медоранд.
Ёдовар мешавем, ки ин рисолаи илмиро Академияи илмҳои ҷумҳурӣ интишор дода, дар қавӣ гаштани равобити адабии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳиммат гумошт.
Пас аз конфронс бо хоҳиши меҳмони арҷманд Садрӣ Саъдиев ба хотири зиёрати хокҷои устод Садриддин Айнӣ сӯи боғи фарҳангӣ - фароғатии Сад- риддин Айнӣ роҳ пеш гирифтем. Пирамарди хирадманд боғро дида, чун кӯдак хушнудӣ кард. Пас аз дидани пайкараи муҳташами аллома Айнӣ ашки шодӣ  гирди чашмони Садрӣ Саъдиев чарх зад. Оҳиста дастрӯмолакашро аз ҷайбаш гирифта, сиришкашро пок кард ва гуфт: «Устод Айнӣ ана ҳамин рӯзҳоро орзу мекард. Орзу мекард, ки дар мақбарааш ҳам фазои фарҳангӣ ҳукмрон бошад».
Аз он ҷо ба дидани «Кохи Наврӯз» рафтем. Вақте зинаҳои кохро мепаймудем, Садрӣ Саъдиевро ҳаяҷон пахш мекард. Дар чеҳраи нурониаш суруру қаноматмандӣ падидор буд. Зеро ҳар як хишту санги ин бинои муҳташам рамзу розҳо дорад. Тарҳи меъмории миллӣ онро боз ҳам қашангтару дилработар кардааст. Ба ӯ изҳор доштам, ки хурдтарин ашёи сохтмонии «Кохи Наврӯз» моли ҳамин диёр аст. Онро чунон бунёд кардаанд, ки сангу хок ва чӯбу мехаш ҳам тоҷикистонист.
Ба ман рӯ оварда гуфт: «Медонед, маро як ҳисси нотакрори ифтихору боландагӣ пахш кардааст. Ман шунида будам, ки чунин як қасри бузург сохта шудааст, ёд дорам, ки соли 2014 ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай дар ин ҷо гузашт. Бештари сарони кишварҳо қасрро бо ҳайрат тамошо мекарданд. Аммо дидан аз дидан фарқ мекардааст. Ҳоло бо чашмони худ мебинаму қоил мешавам. Тоҷикистон чунин заминаҳои боэътимоди муаррифӣ дорад, ки як солро ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ихтисос додааст. Зеро барои ҷаҳонгардон чунин маконҳои нотакрор бештар писанд аст».
Аз шавқи беандозаи олим мо ҳам болу пар ёфта, ӯро гирдогирди кох ба тамошо бурдем. Бино бо боғи фароғатии «Кӯли ҷавонон» бисёр тавъаму муносиб афтодааст. Кӯл баъди таъмиру таҷдид тозаву сокин асту тасвири кохи боҳашаматро дар худ мунъакис кардааст. Нишастгоҳҳои вижаи миллӣ, ки гунбазҳои хушсохт доранд, Садрӣ Саъдиевро бештар шефта кард. Зеро дар гунбазҳо тасвирҳои шоирони классику муосир ва қаҳрамонони Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.
Онҳоро тамошо мекарду лабханд зада, мегуфт: «Ман агар «Кохи Наврӯз» - ро тамошо намекардаму Самарқанд мерафтам, гӯё тамоми шаҳрро намедидаам. Солам ба 83 мерасад, дубора дидани Душанбеи азиз муясаар мешуд ё не.
«Ҳоло ба Самарқанд баргардам, таассуротамро хоҳам навишт. Ин Душанбее, ки беҳтарин рӯзгори ман гузаштааст, ин қадар дигаргун шуда, ки баъди 15 сол тамоман нашинохтам. Ин баракати истиқлолият ва иттифоқи тоҷикону тоҷикистониён аст. Хизматҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳам бешумор аст. Он кас марди бисёр ғаюру ҷасуранд. Мехоҳанд, шаҳрҳои Тоҷикистон аз ягон шаҳрҳои мутамаддини дунё кам набошад».
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 377
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед