иҷтимоиёт
РИСОЛАТ ВА МАСЪУЛИЯТ
Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон ва дароз кардани дасти хайру сахо ба онҳо вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ва шахсони саховатпеша мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Хонаи бачагони ноҳияи Фархор яке аз муассисаҳое ба шумор меравад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муҳим дорад. Дастпарварони он пайваста аз ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бархӯрдоранд. Хонандагонаш дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ноҳиявию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд.
Тарбиятгирандагони ин даргоҳ бо хобгоҳҳои алоҳидаи духтаронаву писарона таъмин буда, ҳуҷраву толорҳои хобгоҳҳо ободу зебо ва бо ашёву лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз ва аз хидматрасонии тиббӣ бархӯрдоранд. Омӯзгорону мураббиҳои ғамхор пайваста аз дарди дили ҳар як нафар огаҳӣ пайдо карда, мекӯшанд то мушкиле дар таҳсил ва зиндагии онҳо роҳ наёбад.
Дар нимсолаи аввали соли хониш ба муассиса аз тарафи шахсони саховатпеша ва вазорату идораҳои дахлдор кумакҳои хайриявии зиёде расонда шуд. Аз ҷумла, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Соли нав ба муассиса як миқдор хӯрока, барои хонандагон сарулибоси зимистона ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Тибқи иттилои Гулҷонбӣ Нурова, директори хонаи бачагон, муассиса соли 2013 бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозӣ гардид. Бино дорои хобгоҳ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва ошхона мебошад.
Роҳбарияти муассиса азм дорад, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон бо ёрии соҳибкорони саховатпешаи ноҳия майдончаву толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ ва ҳуҷраи тиббӣ ба истифода диҳад.
Сарпарастии хонаи бачагонро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Соли равон аз тарафи сарпарасти муассиса таҷҳизоти нонпазӣ ва маводи хӯрока дастрас гардид. Ҳамчунин, шахсони саховатманду хайрхоҳ, ба мисли Шамолиддин Маҳмудов, оилаҳои Тӯраевҳо ва Маҳмадуллоевҳо, Ғуломалӣ Бояков, Сайобид Маҳмудов, ба муассиса кумак мерасонанд.
Агар имрӯз насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, накукорию созандагӣ ва бунёдкорӣ тарбия ёбад, ояндаи ҷомеа пурифтихор хоҳад буд. Омӯзгорону мураббияҳои хонаи бачагони Фархор бо дарки ин ҳақиқат пайваста талош доранд, ки рисолати худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар таълиму тарбияи хонандагон ва шукуфоии ҷомеа саҳми босазо гузоранд.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2018 №: 257-258 Мутолиа карданд: 340