logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Гӯё дирӯзакак буд, ки бо ҳам дар ҳуҷраи кории муовини директори идораи манзилии ноҳияи Фрунзе (ҳозира Сино) - и шаҳри Душанбе вохӯрда будем. Инак, аз он дидор 27 сол сипарӣ гашт. Он марди фарҳангӣ Корманди шоистаи Тоҷикистон Манзурхон Додохонов аст.

Шурӯъ аз соли 1991, нахуст ба ҳайси муовин ва пас ба сифати директори нашриёти «Шарқи озод»-и  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сол адои вазифа намуд.
Додохонов дар вақту шароите роҳбарии нашриётро бар дӯш гирифт, ки нашриёт ба қавле, қариб аз фаъолият боз монда буд.
Беш аз 30 шумораи «Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (тахмин 3-4 солааш) ба таъхир афтода, рӯи чопро надида буд. Коғази заруриро пайдо намуда, чопи мунтазами онро ба роҳ монд.
Ӯ мудом дар такопӯ буд. Заҳматкашиаш касро дар ҳайрат мегузошт. Фарди лаёқатманд, дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар ширкати фаъолона дошт. Узви раёсати ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аъзои ҳайати таҳририяи як қатор маҷаллаю рӯзномаҳо.
Роҳбари вақти коргоҳ мекӯшид то кормандону мутахассисони нашриёт сари вақт маошу мукофотпулӣ гиранду нашриёт мунтазам дар фаъолият бошад. Баҳри дастрасӣ ва таъмини коргоҳ бо ранг, плёнка, коғаз, пластина ва дигар маводи ниёзи полиграфӣ худ ба хориҷи кишвар ба сафари хидматӣ мебаромад.
Дар мавзӯи аҳамияти баъзе таҳқиқоти олимони руси асри ХIХ - аввали асри ХХ дар омӯзиши таърихи Тоҷикистон (аз ҷумла Бухорои Шарқӣ) таҳқиқот анҷом дод. Яке аз рукнҳои фаъолияти М. Додохонов кори илмӣ ба ҳисоб рафта, мақолаҳояш мунтазам ба табъ мерасиданд. Соли 1998 дар маҷмӯаи илмии «Россия дар қисмати таърихии халқи тоҷик» (Душанбе, 1998) оид ба хидмати таҳқиқотчиёни рус Е. К. Мейендорф ва Н. В. Хаников дар омӯзиши ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва мадании Бухорои нимаи якуми асри ХIХ як силсила мақолаҳои илмӣ интишор намудааст, ки онҳо аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифтанд.
Тӯли фаъолияташ дар нашриёт М. Додохонов дар чопу истеҳсоли маводи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва давлатӣ ширкати фаъолона дошт. Саҳми мавсуф дар баргузории чорабиниҳои интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 феврали 2000), интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (феврали 2005), интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри 2006), интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (феврали 2010), Барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сентябри 2010) шоистаи таҳсин аст.
Имрӯзҳо Манзурхон Додохонов дар ҳалқаи фарзандону набераҳояш давлати пирӣ меронад.
Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 290
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед