иҷтимоиёт
ФАРЗАНД - МЕВАИ УМР
Пайдост, ки тамоми саъю кӯшишҳои падару модарон ба манфиати фарзандон нигаронда шудааст ва ягона орзуи волидон хушбахтиву сарфарозии онҳост. Аммо, мутаассифона, ҳастанд падару модароне, ки нисбат ба сарнавишт ва ояндаи фарзандони худ бетафовутанд.
Бояд зикр кард, ки таъбирҳое, ба монанди «ин одам нашуд, ки нашуд», «ислоҳаш маҳол аст», «ба дилам задааст», «худаш чиву хонданаш чӣ?!» аз назари психологӣ ба рӯҳияи ноболиғону наврасон латма мезананд ва онҳоро ба кӯи ноумедӣ мебаранд.
Дар баробари ин, равоншиносон таъкид месозанд, ки агар амалҳои неки фарзанд, ба мисли хубу аъло хондан, муваффақият дар ин ё он самти таълиму тарбия аз тарафи волидон ҳавасманд нагарданд, ӯро дилшикаставу рӯҳафтода менамояд. Беэътиноии волидон фарзандро аз таҳсилу тадрис дур намуда, метавонад ба танҳоӣ мубтало созад. Бидуни дӯст ва маслиҳатчии беғараз мондани фарзанд, сабаби бо касони тасодуфӣ ва кӯдакони душвортарбия ҳамроҳ шудани ӯ хоҳад шуд. Зеро ҳар шахс аз замони тифлӣ ба рӯҳбардорӣ, таскин ва таърифу тавсифи воқеӣ ва, баъзан, навозишҳои атрофиён ниёз дорад. Ва агар амалҳои ношоиставу ноҷои кӯдакону наврасон пешгирӣ карда нашаванд ва онҳо ба роҳи дуруст раҳнамун нагарданд, ҳатман даст ба ҷиноят хоҳанд зад.
Дар ҷаҳони муосир, ки баҳри пешрафти илму техника таваҷҷуҳ ба мактабу маориф беш аз пеш меафзояд, аз таҳсил дур мондани кӯдакону наврасон ҳолати нигаронкунанда мебошад. Аз ин рӯ, волидайн бояд тамоми кӯшишҳои хешро ба таълиму тадрис фаро гирифтани фарзандонашон равона созанд ва инро танҳо вазифаи мактабу маориф нашуморанд.
Чанде пеш ба шаш моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки он масъулияти падару модарро дар тарбияи фарзанд боз ҳам баландтар мебардорад. Зеро фарзандон ояндаи моянд ва босаводу соҳибмаърифат ба воя расондани онҳо вазифаи ҳар яки мост.
Мо бисёр мехостем, ки дар телевизиони «Баҳористон» барномаҳои ҷолиби мувофиқ ба ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон намоиш дода шаванд, то ки онҳо аз нахустсабақҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ ва зебоишиносӣ бархӯрдор гарданд. Ҳамзамон, хуб мебуд бо машварати мутахассисон ва ҳунармандони ботаҷрибаи кинову театр беҳтарин филмҳои хориҷӣ, ки аз ҳаёту фаъолияти кӯдакон ҳикоят мекунанд, ба забони тоҷикӣ тарҷума ва намоиш дода шаванд, зеро ин омил метавонад дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми босазо гузорад.
Гулнисо НОСИРОВА,
омӯзгори МТМУ № 20 - и ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2018 №: 257-258 Мутолиа карданд: 375