logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ҶУЗЪИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018  дар Вазорати фарҳанг, ки  ваколатдор ва масъули ҳамоҳангсозии соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷамъоварии маълумоти амиқу дақиқ вобаста ба ҳунармандон ва корхонаҳои истеҳсолии ҳунарҳои бадеии халқӣ мебошад, чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ шуда, тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашта истодаанд.

Дар ин доира, аз ҷумла моҳи марти соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмаато, семинари омӯзишии мутахассисони соҳавии бахши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар рафти ин семинари омӯзишӣ оид ба раванди корҳои мушаххасгардонӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳқиқот, нигоҳдорӣ, тарғибот, таҳияи Феҳристи ягона ва Махзани ягонаи иттилоотӣ, шиносномаи объектҳои таърихию фарҳангӣ ва Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, маълумот оид ба ҳар як намунаи фарҳанги ғайримоддӣ ва моддии халқи тоҷик, рақамгузории онҳо мувофиқи бахшҳо, номи унсур (бо муродифҳояш) ва тавсифи мухтасари унсур, вазъи имрӯзаи ин унсури фарҳангӣ, ки дар кадом ҳолат қарор дорад ва ҷиҳати такмилу таҷдиди минбаъдаи ин унсурҳо, инчунин, иқдомҳои муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи мероси фарҳангӣ, аз ҷумла таъсиси ниҳоди сармоягузорӣ барои рушди ҳунарҳои халқӣ ва сайёҳӣ, муфассал рӯнамоӣ шуд.
Моҳи  апрели соли 2018 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 25 - умин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  Фестивал - намоиши ҳунарҳои халқӣ баргузор гардид.
Вобаста ба ин 27 апрели соли 2018 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳти унвони «Пешвои миллат - ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳо, идораҳои масъул ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Ҳамин гуна ҳамоиши илмӣ 3 майи соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Идоракунии давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир шуд.
Моҳи июли соли 2018 дар осоишгоҳи «Зумрад» - и шаҳри Исфараи вилояти Суғд Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 150 нафар роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҳадафи форуми мазкур муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон, мубодилаи афкор ва густариши ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои «Шоҳроҳи абрешим», омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва тақвияти ҳамгироии минбаъдаи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии сайёҳӣ буд.
Иштирокдорони ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ: дастовард ва мушкилот», «Рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ - муаррифи симои сайёҳии кишвар» ва «Имкониятҳои сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар Тоҷикистон» андешаву мулоҳизаҳои худро баён карда, роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани фаъ- олияти ширкатҳои сайёҳӣ, пазироии сайёҳон ва боз кардани хатсайрҳои нави сайёҳиро баррасӣ намуданд. Дар доираи ҳамоиш дар натиҷаи гуфтугӯю суҳбатҳо миёни роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла «Ҷавоҳир тур»,  «Куҳандиз», «Панҷакент интур», «Бозори Вору», «Нодир тур», «Ориён эдвентур», «Скай тур», «Ассотсиатсияи ёрирасони рушди сайёҳӣ» ва «Сайри Мунк», бо ширкатҳои сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон  ва Ӯзбекистон 21 ва дар Ҳамоиш - намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон - сарзамини сайёҳӣ», ки моҳи августи соли 2018 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон доир гардид, миёни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Корея, Австрия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Давлати Кувайт 32 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ҳоло бо мақсади муаррифӣ ва ба бозори хориҷӣ содир намудани намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Ҳунармандони Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат варзида, маҳсулоти хешро муаррифӣ мекунанд ва ҳунару таҷриба меомӯзанд.
Қурбон ҒУЛОМЗОДА, 
сардори раёсати рушди  муассисаҳои фарҳангӣ-  фароғатӣ ва  ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 191

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед