logo

иҷтимоиёт

2018. РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ ВАРЗИШ

Имрӯз кишвари азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи хос пайдо кардааст. Заминаҳои бунёдии тамоми комёбиҳои мардуми мо ҳосили сиёсати хирадмандонаи дохилию хориҷӣ ва талошҳои судовари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар заминаи хидматҳои бузургу мондагори ин шахсияти барҷаста ва сиёсатмадори соҳибэҳтироми сатҳи байналмилалӣ тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки миллати тамаддунсоз ва фарҳангофаранд.
Дар ҳамин замина, дар Тоҷикистони азизи мо сол то сол дигаргуниву пешрафтҳои назаррас ба миён меоянд, ки аз файзи сулҳу ваҳдат, суботи комил ва сиёсати ояндасози давлату Ҳукумат башорат медиҳанд. Аз рӯи маълумоти оморӣ, танҳо дар 11 моҳи соли равон дар мамлакат ба маблағи 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 243,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бештар аз 13 дарсадро ташкил медиҳад. Шумораи коргоҳу корхонаҳо бошад, ба 507 адад, ҷойҳои нави корӣ ба 9703 ва музди миёнаи меҳнат ба 1300 сомонӣ баробар шудааст.
Ҳоло дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ боз ҳам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ба шарофати он ки Сарвари давлат соли равонро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, Тоҷикистон бо ҳунарҳои мардумии асил ва ёдгориҳои таърихӣ, ки куҳантаринаш таърихи 5500 - сола дорад, дар арсаи байналмилалӣ шуҳрати хосса пайдо намуд. Воқеан, осори ғании таърихию фарҳангӣ ва муъҷизаҳои нотакрори табиати дастнорасида ба кишвар таваҷҷуҳи ҳар чи бештари сайёҳони хориҷиро ҷалб намудааст. Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон зиёда аз 1 миллион сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз маконҳои табиию таърихӣ дидан карданд. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо - чакан ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил шуд.
Соли равон соли комёбиҳои зиёди варзишӣ низ буд. Дар мусобиқоти гуногуни минтақавию байналмилалӣ борҳо Парчами Тоҷикистон баланд гардид. Дилшод Назаров (гурзпарто), Хушқадам Хусравов (паҳлавони самбо), Шаҳриёр Даминов (қаиқрон), Саидҷалол Саидов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Сомон Маҳмадбеков, Сулаймонӣ Ҷамшед (паҳлавонони дзю-до) нафаронеанд, ки дар арсаи байналмилалӣ Ватанамонро танҳо бо гирифтани ҷойи аввал ва медали тилло муаррифӣ намуданд.
Қурбон АҲМАДЗОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 398
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед