иҷтимоиёт
"РУХОМ". ГАНҶИ КӮҲИСТОН
Фазои мусоиди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар кишвар имконият фароҳам овард, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз шароитҳои васеи табиӣ дар ҷодаҳои гуногун корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил намоянд. Соҳибкорони бахши истеҳсоли молҳои ҳунармандӣ, хусусан дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз имтиёзҳо бархӯрдор гардида, тавлиди маҳсулоти армуғонию косибиро афзуданд. ҶДММ «Рухом» яке аз коргоҳҳои муваффақи ҷумҳурӣ аст, ки имсол аз сангҳои нимқиматбаҳо беҳтарин маҳсулоти ороишию армуғониро истеҳсол намуда, пешкаши сокинону меҳмонони хориҷӣ намуд.
Корхонаи номбурда зимни чанд намоишгоҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ҷопон, Чин, Россия, Корея, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайра ҷоизаҳои маҳсулоти беҳтаринро сазовор гардидааст. Ҳамчунин, «Рухом» пайваста давоми ҳафт соли охир дар озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» аз рӯи номгӯйи «Маснуоти ҳунарҳои мардумӣ» ҷойи аввалро соҳиб шудааст.
Тавлиди маҳсулоти аълосифат асоси муваффақияти «Рухом» аст. Бартарияти маснуоти корхона дар табиию аслӣ будани ашёи он мебошад. Дар ин корхона муҳра, тасбеҳ, гарданбандҳои ҳархела, дастпонаҳо, гӯшвор, овезаи калидҳо, шамъдонҳо, гулдонҳо, ҷиҳози рӯйи миз, шоҳмот, мусаввараҳои рангоранг ва молҳои дигари ороишию армуғонӣ аз сангҳои нодири табиӣ офарида мешаванд. Рангорангию зебоӣ ва устувории молҳои «Рухом» ба дили ҳазорҳо сокини кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ роҳ ёфтааст.
«Рухом» соли 1994 бо иқдоми соҳибкори лаёқатманди ҷавон Муфарраҳ Муҳаббатов баҳри омӯзишу коркарди санг ва истеҳсоли маҳсулоти армуғонию ороишии сангӣ ташкил ёфта, марҳила ба марҳила домони фаъолияташро васеътар намуд ва мавқеашро аз як корхонаи маҳаллӣ то сатҳи ширкати бонуфузи ҷумҳуриявию байналмилалӣ боло бурд.
Ба гуфтаи Шаша Қуқаншоев, муовини директори корхона, ҳоло дар ҷамъияти номбурда 80 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудааст, ки қисми бештари онҳо дорои маълумоти олии ихтисосҳои геологию маъданшиносианд.
- Дар ин ҷо баҳри кору фаъолияти коргарон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва ба такмили маҳорати касбии онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад. Давоми солҳои охир дар ин махзани ҳунар устодони чирадасти ҳунарҳои мардумӣ ба камол расиданд ва бо ҳунару истеъдоди баланд дар озмунҳои зиёди байналмилалӣ бо ҷоизаю дипломҳо сарфароз гаштанд. Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки боз ҳам мутахассисони баландихтисосу пуртаҷрибаро ба кор ҷалб намояд ва ҳамкориро ҷиҳати коркарди сангҳо тақвият бахшад. Ин амал имкон медиҳад, ки дар роҳи коркарду иктишофи сангу металлҳои ҷумҳурӣ ва ворид намудани маҳсулоти он ба бозори ҷаҳонӣ кадрҳои дорои донишҳои замонавӣ рӯи кор оянд, - гуфт Шаша Қуқаншоев.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2018 №: 257-258 Мутолиа карданд: 392