logo

иҷтимоиёт

ТАҲСИЛОТ. ТАТБИҚИ БАРНОМАҲО СИФАТРО БЕҲТАР МЕКУНАД

Дар даврони соҳибистиқлолӣ баробари дигар соҳоти хоҷагии халқи кишвар таваҷҷуҳи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба соҳаи маориф, хосатан таҳсилоти ибтидоии касбӣ назаррас буда, дар ин ҷода корҳои зиёд  анҷом ёфтаву нақшаҳои муҳим амалӣ шудаанд. Масъулон низ пайваста дар такопӯй ва талош ҳастанд, ки фаъолияти худро мутобиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда, мутахассисонро дар заминаи навгониҳои инноватсионӣ ва такя ба технологияҳои пешқадаму муосир  омода созанд. Ҳамзамон дар ин радиф, аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ низ бо ин мақсад чандин барномаҳои мушаххас пешниҳод шуда, муваффақона татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, барои расондани ёрии техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим лоиҳаи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат - 1 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2020 татбиқ ва маблағгузорӣ мешавад.  Иҷрои муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2017, таҳти рақами №568, «Дар бораи тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия» низ  яке аз роҳҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва касбомӯзии калонсолон дар мамлакат маҳсуб меёбад.
Ҳамоиши навбатӣ  тибқи нақшаи лоиҳаи мазкур дар иртибот ба ин масъала дар литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд  ба вуқӯъ пайваст ва дар кори он мутахассисони бахшҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд иштирок доштанд.
Аслам Раҳимов, директори Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» аз ҳадафҳои асосии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, таъкид бар он дошт, ки кишвари мо имрӯз ба шарофати муҳити сулҳу салоҳ ва ором бояд рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоиро ноил гардад ва ба зиндагии шоиста бирасад. Бе ваҷҳ нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ омода кардани мутахассисони баландихтисосро дар самтҳои гуногуни истеҳсолоти мамлакат басо заруру муҳим арзёбӣ дошта, таваҷҷуҳи вазорату сохторҳои марбутаро ба ҳалли мусбати ин масъала ҷалб месозанд.
Шукрулло Саломов, муовини директори МД МТКТ ба ширкаткунандагони ҳамоиш аҳамият ва зарурати ба тасвиб расидани қарори мазкурро  дар шароити феълӣ шарҳу эзоҳ дод. Ҳамчунон, ки дар қарор омадааст, таҳсилоти калонсолон бо назардошти таҳсилоти касбӣ ва худомӯзӣ дар раванди таҳсилот барои гирифтани салоҳияти касбӣ ҷиҳати қонеъ гардондани талаботи калонсолон аз ҷониби муассисаи таҳсилоти калонсолон муайян ва муқаррар карда мешавад.
Зарина Насруллоева оид ба муҳимияти ин ҳамоиш ҳарф зада, онро дар сари вақт огоҳ шудан аз навгониҳои соҳа, махсусан такмили ихтисоси калонсолон зарур шумурд.
- Манфиатовар будани чунин нишастҳо боз аз он ҷиҳат хуб аст, ки  миёни ҳамкасбон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят табодули таҷриба ба амал меояд, - иброз дошт Зарина Насруллоева, аз ин хотир месазад ба созмондиҳандагони ҳамоиши  лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, масъулони Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон арзи сипос гӯем.
Ба андешаи Рустам Каримов, директори маркази таълими калонсолон дар шаҳри Конибодом, шароит акнун тақозо дорад, ки Тоҷикистон низ чун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ талош варзад, ки дар ҳалли ҳамаи масоили рӯз фаъол бошад.
- Касбҳои кунунии коргарӣ, ки дар заминаи литсейҳои касбӣ-техникӣ дар шаҳри Конибодом тайёр карда мешаванд, дар қиёс ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар шудааст. Имрӯз даҳҳо нафар шаҳрвандони мо, ки соҳиби ҳуҷҷат мешаванд, бомуваффақият дар дохил ва хориҷи мамлакат, дар самтҳои гуногуни истеҳсолот фаъолият доранд. Хушбахтона, дар литсейҳои касбӣ - техникӣ шароитҳои хуби таълимиву истеҳсолӣ  муҳайё шудаанд ва дар ин самт боз талошу такопӯйҳо идома доранд, - иброз дошт Рустам Каримов.
Дар ҷараёни ҳамоиш ширкатдорон ин тарафи масъаларо низ бо як шавқмандӣ баррасӣ карданд. Гузориши сармутахассиси МД МТКТ Аҳад Оташехов бо пешниҳоди мисолҳои воқеӣ аз ҳаёти ҳаррӯзаи марказҳои таълимӣ ва литсейҳои касбӣ - техникӣ миёни ширкаткунандагони ҳамоиш оид ба  таҳия ва омода кардани ҳуҷҷатҳои тахассусӣ шавқи зиёд ба миён овард ва собит сохт, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар баланд бардоштани сатҳи касбии устодони марказҳои таълимии калонсолон манфиатбахш аст.                                                                              
 Ҷовиди АШТӢ,     
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 435
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед