logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНМАРДЕ АЗ ПАЙИ ОБОДӢ

Нафароне, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ доранд, ҳамеша дар пайи ободиву шукуфоии Ватан буда, пайваста саъй мекунанд гӯшаеро обод  созанд ва ё ба ниёзманде дасти кумак дароз намоянд. Ободии диёрро  ободии хонаи худ, хушбахтии ҳамдиёронро хушҳолии хеш мешуморанд. Чун миллатдӯсту ватанпарваранд, дар ҳалли мушкилот ва пешрафти ҷомеа низ бетараф нахоҳанд буд.
Касе ёд надорад, ки дар ин мавзеъ чанд аср боз на биное обод шуда буду на чароғе  фурӯзон. Дар роҳу пайроҳаҳои  шебу фарози бари талу  теппаҳо ва ҳамворию  зоваҳои ин мавзеъ ба ҷуз изи пойи ҳайвонот чизи дигаре набуд.
Маҳз ҳамин ҳамвории  начандон калону санглохи соҳили  дарёча, ки Чашмаи Хунукакаш меноманд,  таваҷҷуҳи зодаи деҳа Тоҳир Абдуназаровро ба худ кашид.
«Чаро чунин мавзеи зебову мусоид  ва шароиту имконияти мавҷударо  барои некуаҳволии мардум истифода накунем? - меандешид  ӯ. - Ҳеҷ кори хайру  самарабахш бе хароҷот  нашудааст. Каме заҳмат кашида, роҳ бунёд карда, қувваи барқро низ интиқол бояд дод».
Ғарқи хаёлу андешаҳои бунёдкорона ҳамаи неруву тавоноӣ ва азму иродаашро барои иҷрои ин нақша равона кард. Хоҷагии деҳқонии «Абдуназар» - ро таъсис дода, аз пайи иҷрои амалҳои навбатӣ гардид. Аввалин коре, ки анҷом дод, бунёд ва ба истифода додани роҳи мошингард ва хати интиқоли барқ ба масофаи беш аз  1 километр буд. Баъди анҷоми сохтмон ва ба истифода додани роҳ, бунёди ҳавзҳои  моҳипарварӣ оғоз гардид. Дар муддати начандон тӯлонӣ  бунёди 15 ҳавзи моҳипарварӣ, ки аз он 5 - тоаш  барои тавлиди (инкубатсия) моҳичаҳо пешбинӣ гардида буд, сохта ба истифода дода шуд. Бо дастгирӣ ва кумаки Ҳукумати кишвар  2000 адад моҳичаи  зоти «Радужний» мавриди парвариш қарор гирифт. Баъдан, бо ташаббуси сарвари хоҷагӣ навъи дигари моҳӣ «Гулмоҳии сурх» (янтарний) низ барои парвариш оварда шуд.
Дере нагузашта дар хоҷагии номбурда, боғдориву чорводорӣ низ вусъат ёфт ва дасти хайри хоҷагидорон низ дарозтар шуд. 
Акнун роҳбари хоҷагӣ роҳи мошингарди деҳаи Пичандар аз гардиши Таги - Кӯтал то деҳаро, ки беш аз 3 километрро ташкил медиҳад, ҳар мавсим чанд маротиба  тавассути техникаи кироя таъмир мекунад. Кумак ба оилаҳои камбизоату  беморон низ  яке аз иқдомҳои роҳбарияти хоҷагии номбурда буда, дар арафаи ҳар ҷашну маъракаҳои сиёсӣ  ба онҳо дар шакли хӯрокворӣ ва маблағи нақд расонда мешавад. Бо баланд гардидани иқтидори молиявии хоҷагӣ  роҳбарият ният дорад, ки  самтҳои фаъолияти кумакрасонии худро тавсеа диҳанд.
Имомалӣ  ТАБАРӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 328
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед