иҷтимоиёт
ҲУНАРМАНДОН БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ РОҲ МЕЁБАНД
Дирӯз аз телевизион Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо таваҷҷуҳи беандоза шунидам. Яке аз нуктаҳои қобили таваҷҷуҳ дар Паём ин буд, ки солҳои 2019- 2021 аз ҷониби Пешвои миллат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Дар партави ин иқдоми наҷиб, пеш аз ҳама, истифодаи босамар аз имкониятҳои мавҷудаи мамлакати мо ба хотири таъмини рушди устувори деҳот ва рӯзгори босаодати мардум қарор мегирад. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ ба шумор меравад, ки бояд аз он ба таври зарурӣ ва босамар истифода шавад.
Рушди ҳунарҳои мардумӣ низ дар мамлакат яке аз воситаҳои муҳими таъмини зиндагии шоиста аст. Зеро имрӯз дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла косибиву ҳунармандӣ бо ҳар роҳу шева ривоҷ меёбанд. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ метавонанд, дар навбати аввал барои ташаккули фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавӣ дар деҳот тавассути ривоҷи ҳунарҳои халқӣ мусоидат намояд. Аз сӯи дигар, додани имтиёзҳои давлатӣ ба ҳунарварон имконият медиҳанд, ки баробари боло рафтани сатҳи некуаҳволии халқ беҳтарин намунаҳои ҳунармандон ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфта, сарватҳои маънавӣ ва арзишҳои фарҳангиро муаррифӣ намоянд.
Дар деҳот мо бояд духтаронро ба донистани чандин касбу ҳунар, илму маърифат водор созем. Онҳо тарзи муносибату муомила, назокату маданият ва фарҳангро дар дараҷаи олӣ омӯзанд, даҳҳо намуд хӯриш, шириниву қандинаҳо омода карда тавонанд. Барои ин ҳамаро омӯхтан бояд модар бофарҳанг бошад. Дар мактаб духтар дониш мегираду касбу кори муҳим, аммо фарҳангу назокатро аз муҳити хонаводагӣ меомӯзад.
Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки тӯли қарнҳо зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишофи онҳо миёни мардум зиёд гардидааст.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хоссаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллии тоҷикона меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо либоси хосса пеши назар меояд. Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад. Либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷило дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Фаридахон ИСҲОҚӢ,
корманди илмии шуъбаи маъхазҳои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2018 №: 257-258 Мутолиа карданд: 363