logo

сиёсат

БАРДОШТҲО АЗ ПАЁМ

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ соли 2018-ро соли таърихӣ ном бурданд. Ин сол барои Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, ҳақиқатан  ҳам соли бобарор ва пурфайзу баракат буд.   
16 ноябри соли ҷорӣ ба истифода додани агрегати аввали НБО “Роғун”, ки он маҳз бо заҳматҳои созандаву  бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат амалӣ гардид, аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Зеро баъди пурра ба фаъолият пардохтани ин неругоҳи азим тамоми соҳаҳои мамлакат рушду нумӯи тоза касб намуда, Ватани маҳбубамон дар роҳи расидан ба ҳадафи олӣ, яъне ҷой гирифтан дар қатори кишварҳои пешрафтаву мутараққӣ қадами устувор хоҳад гузошт.
Ҳамзамон, дастоварди дигари сол, ки дар  Паём зикр гардид, ин барқарор гардидани муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Бешубҳа, ин саҳифаи нави таърихист ва ба шарофати он минбаъд мардуми тоҷику ӯзбек ба комёбиву муваффақиятҳои нав ба нав ноил хоҳанд гашт.

Зоир РАҲМОНЗОДА, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе:
- Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ манзур мегардад, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои дохил ва хориҷи кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд. 
Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Ҷаноби Олӣ ба масъалаи дастгирии соҳибкорон бахшида шуда буд. Воқеан, тайи солҳои ахир дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар саҳми соҳибкорон дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат бештар мегардад. Баҳри боз ҳам тақвияти ин раванд, Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки соли оянда “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ гардад. Бешубҳа, ин омил барои ривоҷу равнақи густурдатари соҳибкорӣ ва афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳо ба иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ҳамчунин, зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат бори дигар аз вазъи ноороми ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид сохтанд: “Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, бо дарназардошти вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардондани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем”.
Дар ҳақиқат, моро мебояд аз сулҳу субот ва оромии диёрамон шукрона гӯем,  ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бирасем ва тамоми саъю кӯшишҳои худро баҳри ба давлати мутараққӣ тадбдил додани Ватани маҳбубамон равона созем. 

Муҳаммадулло ШЕРАЛИЗОДА, раиси ноҳияи Варзоб:
- Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об бошад ҳам, мушкили бо оби нӯшоӣ таъмин намудани аҳолӣ ҳанӯз ҳам яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Ба андешаи табибон, сарчашмаи бисёр бемориҳо ба об вобастагӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ин масъала зимни ироаи Паёми навбатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр карданд, ки масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад. Ҳамчунин, Сарвари давлат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар сатҳи обтаъминкунии аҳолӣ ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз намуд ва то имрӯз 50 дарсади он амалӣ гардидааст. Дар самти кишоварзию обёрии мамлакат бошад, 35 лоиҳа ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Барои ҳалли ин масъала дар деҳот зарур аст, ки ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, таъкид доштанд Сарвари давлат.

Ҳабибулло НЕЪМАТЗОДА,
роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант:
- Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ солҳои 2019 - 2021 - ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро 73 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунад. Сарвари давлат таъкид карданд, ки барои омода намудани ҳунармандони касбӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ як сол басандагӣ намекунад ва дар ҳамин замина барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод, амалӣ гардондани талошҳои Ҳукумати кишвар ба хотири боз ҳам обод кардани кишвари азизамон ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои мазкур сидқан фаъолият намоем.


Баҳодур САИДОВ,
раиси Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ:
- Имсол, аз моҳи сентябр маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, нафақа ва стипендия то 15 дарсад зиёд шуд. Мо ҳама аз ин иқдоми ғамхоронаи Сарвари давлат баҳравар шудем. Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати дастгирии кормандони соҳаҳои гуногун гуфтанд, ки дар асоси барномаҳои қабулгардида, мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд. «Яъне мо бояд дар оянда тавонем бо роҳи рушди иқтисодии мамлакат, саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот, бо назардошти сарчашмаҳои иловагии Буҷети давлатӣ ҳар сол 10 - 15 дарсад маош ва нафақаю стипендияро баланд бардорем», - гуфтанд Сарвари давлат. Ин, албатта, ба нафъи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Аъзам УСМОНОВ,
муҳандиси таҷҳизоти барқии ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» - и НБО "Роғун"
- Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ се воқеаи муҳими соли 2018 таъкид шуд. Аввалин ва муҳимтарини онҳо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» мебошад, ки 22 март расман оғоз ёфт. Воқеаи дуюм орзую армони ҳамаи тоҷикистониён - ба кор андохтани агрегати аввали НБО «Роғун» буд, ки ин рӯйдоди таърихӣ 16 ноябр, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардид. Воқеаи деринтизори сеюм, барқарор шудани муносибатҳои накуҳамсоягӣ ва ба сатҳи ҳамкории стратегӣ расидани робитаҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон мебошад, ки дар пайи талошҳои пайгиронаи ду абармарди сиёсат, сарони ду кишвари дӯсту бародар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба вуқӯъ пайваст.  Барои мо, бунёдгарони «Роғун» ба истифода додани агрегати аввали ин иншооти аср фараҳбахш буд, зеро кишвари мо дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ гомҳои устувор мениҳад. Бунёди неругоҳи «Роғун» имкон медиҳад, ки умри НБО «Норак» садсолаҳо дароз шавад. Соли оянда агрегати дуюми «Роғун» низ ба кор оғоз мекунад, ки ин боз як рӯйдоди таърихии рӯҳбаландкунанда хоҳад буд, зеро бо пурра  ба кор даромадани ин иншооти бузурги тақдирсози миллати тоҷик рушди Тоҷикистон суръати тоза касб мекунад ва зиндагӣ боз ҳам беҳтару рангинтар хоҳад шуд.

Ботурбек ҒАНИЕВ, 
раиси Ҷамоати деҳоти Муксӯи ноҳияи Лахш:
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ чун ҳамешагӣ ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум диққати аввалиндараҷа доданд. Сарвари давлат, хусусан масъалаҳои таъминоти аҳолии деҳотро бо оби ошомиданӣ, бунёди инфрасохтори хизматрасонӣ, фарогирӣ бо ҷойи корро таъкид намуда, ба ин хотир, солҳои 2019 – 2021 – ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки дар деҳоти кишвар дастрасӣ ба оби ошомиданию полизӣ, бунёди роҳу пулҳои мошингузар, иншооти хизматрасонӣ, шуғли аҳолӣ тақвият ёфта, баҳри зиндагии шоистаи мардум заминаҳои устувор гузошта шаванд.

Шафоат НАЗИФОВ,
сардори раёсати ҳавзавии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла масъалаи  азхудкунии заминҳои бекорхобидаро зикр намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани чораҳои зарурӣ дар ин самт ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳалли ин масъала дар доираи нуктаҳои Паём ба афзоиши майдонҳои кишт ва рушди ислоҳоти кишоварзӣ мусоидат менамояд. Ба ин васила ҳазорҳо кишоварзи ҳақиқии завқманд ба майдонҳои ҳосилхез дастрасӣ пайдо менамояд.


Баҳодур МИРЗОЕВ,
устоди филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе:
- Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир ба  таъмиру барқарорсозии неругоҳҳои оби барқии мавҷуда диққати ҷиддӣ зоҳир гардид, ки дар шароити ба кишвари содироткунандаи энергия табдил ёфтани мамлакати мо  ин нукта аҳамияти рӯзафзун дорад. Дар солҳои минбаъда баробари сохтмони силсиланеругоҳҳо барқарор намудани иқтидорҳои мавҷудаи он  барои қонеъ сохтани талаботи кишвар ва шарикони минтақавӣ бо барқи арзон нақши ҳалкунанда мебозад. Тавре Сарвари давлат зикр намуданд, дар ҳолати таҷдид накардани як қатор неругоҳҳо, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият карда истодаанд, самаранокии истеҳсолии онҳо коҳиш меёбад. Ҳоло таҷдиди неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дошта, соли оянда таҷдиди НБО  “Қайроққум” бо харҷи 1,9 миллиард сомонӣ ва марҳалаи якуми таҷдиди НБО «Норак» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Тавассути таҷдид тавоноии истеҳсолии ин се неругоҳ 840 мегаватт афзоиш меёбад.

Иззатулло НАЗРУЛЛОЕВ,
устои корҳои барқии маъмурияти истифодабарии ҶСК «НБО Роғун»:
-  Саҳми ҷавонон дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз нуктаҳои асосии  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мебошад. Таъкид гардид, ки беш аз 40 дарсади сохтмончиёни неругоҳро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Воқеан, бунёди   НБО «Роғун» дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои рӯйи кор омадани  насли нави мутахассисони сатҳи ҷаҳонии  соҳаи энергетика шароит фароҳам овард. Он ба мактаби  бузурги омодасозии мутахассисони дорои малакаи касбии баланд  дар самти бунёди  силсиланеругоҳҳо  мубаддал гардид ва сохтмончиёни ҷавон  тӯли фаъолияти хеш дар бунёди неругоҳ  аз коргари одӣ сар карда то  муҳандисону мутахассисони сатҳи олӣ  расиданд. Онҳо  дар ҷодаи бунёди иншооти гидроэнергетикӣ  шаклҳои муосири  лоиҳакаширо низ  аз худ намудаанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 481
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед