logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.


Баробар ба 2019
Дар дохили ороишоте, ки дар арчаи солинавӣ овехта шудаанд, рақамҳоро тарзе гузоред, ки  онҳо такрор нашуда, ҳамаи тарафҳо ва диогоналҳо ба 2019 баробар гарданд.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


«ШОМИ ШАНБЕ» МАРДУМӢ ШУД
Саҳифаи фарҳангӣ – фароғатии «Шоми шанбе» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо матлабҳои мӯъҷазу шавқовари худ се сол боз даст ба дасти хонанда мегардад. Инро аз зангҳои телефонии мардум ва миннатдории аҳли қалам ба хубӣ пай бурдан мумкин аст. Имрӯз бо дили пур гуфта метавонем, ки «Ҷумҳурият» бо матлабу мақолаҳои муҳиму проблемавӣ, таҳлилҳо ва бавижа саҳифаи «Шоми шанбе» мардумӣ гаштааст. Ин мафҳум барои муаллифонаш аҳамияти махсус дошта, фаъолияти онҳоро таҳрики дигар мебахшад.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сарму-ҳаррири рӯзнома, ҷаласаи ҷамъбастии солонаи «Шоми шанбе» - ро оғоз намуда, оид ба махсусиятҳо, тарзу услуби мақолаҳо, танзиму тарҳи он ибрози андеша кард.
- Аз сокинони шаҳри Душанбе сар карда, то мардуми дурдасттарин манотиқи кишвар аз «Шоми шанбе» бо муҳаббат ёд мекунанд ва пайдост, ки «Шоми…» мо шоми фарҳангиву фароғатии мардум гаштааст, - афзуд Қурбоналӣ Раҳмонзода.
Дар ҷамъбасти сол чун анъана роҳбарияти рӯзнома бо ҳайати босалоҳияти ҳакамон беҳтарин муаллифони худро муайян ва қадр кард. Аз ҷумла, 10 нафар беҳтарин муаллифон: Хуршеди Ҷовид, Раҷабалӣ Исматуллоев, Қурбон Мадалиев, Гулистон Мавлоназарова, Фарзона Файзалӣ, Маҳмуд Баҳром, Хуршед Толибов, Муҳаммадраҷаб Бердиёров, Зебунисо Ҳамидзода ва Мавлуда Одинаева бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ ҳавасманд гардиданд.
Ҷои сеюм сазовори Гулнисои Саъдоншо, дуюм Зулола Бобораҷабова, якум Фирӯзи Алишер шуд ва «Шоҳҷоиза» насиби Бузургмеҳри Баҳодур гардид. Ғолибон бо дипломҳои махсуси нашрия ва армуғони пулӣ қадр гаштанд.
Масъули саҳифа, мудири шуъбаи фарҳанги рӯзнома Муҳаммадуллоҳи Табарӣ аз вижагиҳои саҳифаи мазкур ҳарф зада, изҳор дошт, ки чанде аз муаллифони фаъоли «Шоми шанбе» матолиби худро дар шакли китоб ҳам нашр намуданд. Донишҷӯёни риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа аз рӯи ин саҳифа корҳои илмӣ шурӯъ карданд.
Дар чунин муддати кӯтоҳ шуҳрат ёфта, мавриди пажӯҳишҳои илмӣ қарор гирифтани «Шоми шанбе» далели пурқувват шудани саҳифа  аст, ки муаллифонро масъулияти дигар мебахшад.
Бино ба гуфтаи яке аз ҷоизадорон – муаллифони берунаи саҳифаи «Шоми шанбе» Муҳаммадраҷаб Бердиёров, рӯзномаи «Ҷумҳурият»  ягона ҷарида аст, ки на танҳо ба муаллифони худ ҳаққи қалам медиҳад, балки матолиби ҷолиби онҳоро қадрдонӣ мекунад. Инчунин, ба шахсони ҳозирҷавобу доно, ки аз гӯшаву канори кишвар тамос гирифта, дар ёфтани муаммоҳои «Интеллект»-и «Шоми шанбе» фаъолона ширкат меварзанд, ҳавасманд  мегардонад. Ин ҳама иқдоми наҷиб сабаб мешавад, ки на танҳо мо дилгарм мешавем, балки дар муаррифӣ ва хонданбоб шудани рӯзнома саҳми бештари худро гузорем.
Б. САЛИМОВ,
«Ҷумҳурият»


ТОҶИКИСТОН
БАЛАНДТАРИН АРЧА ДАР ТАЪРИХ
1. Чанде қабл ба муносибати Соли нави мелодӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, назди  муҷассамаи  шоҳ Исмоили Сомонӣ, арчаи солинавӣ бо баландии 27 ч ва паҳноии 12, 5 метр қомат афрохт. Барои омода намудани  ин арча, 1400 бех дарахти арчаҳои хурдҳаҷм ва 12 ҳазор бозичаи ранга истифода шудааст. Бояд гуфт, ки арчаи Тоҷикистон рамзи миллиро таҷассум мекунад. Дар он бозичаҳо тасвири миллӣ дошта, бо шилшилаҳои фурӯзон оро дода шудааст. Баландии ин арча баробар ба бинои даҳошёна буда, дар таърихи Тоҷикистон баландтарин арчаи солинавӣ маҳсуб меёбад.
2. Дар шаҳри Дортмунди Олмон бошад, арчаи солинавӣ бо баландии 45 метр мавриди тамошо қарор гирифтааст. Дар он 48 ҳазор чароғакҳои ороишӣ насб гардида, ҳамчун азимтарин арчаи табиӣ ба «Китоби рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст.
3. Арчаи дигаре, ки ҳамчун калонтарин арчаи сунъӣ шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» гардид, дар шаҳри Пасео - де - Ла - Реформаи Мексика соли 2009 бо баландии 112 метр ҳамаро ба ҳайрат оварда буд.
4. Патрик Роҷери фаронсавӣ бошад, дар арафаи Соли нав бо арчаи худсохти худ мардумро, бахусус  кӯдаконро, ба ваҷҳ оварда буд. Ин арча ширинтарин арчаи дунё буда, саросар аз шоколад сохта шудааст ва он бо баландии 10 метр ва 4 тонна вазн қомат афрохтааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Мӯлҷар – 2019
ХУБОН
Хубон, ба қавли мӯлҷаршиносон – хук, гуроз – охирин ҳайвон дар тақвими шарқии мӯлҷарии 12 – гона аст. Яъне, тақвим аз Муш сар шуда, бо Хубон анҷом меёбад. Дар Тоҷикистон соли Хубон аз 21 марти соли 2019 оғоз меёбад. Дар Чин моҳи феврал фаро мерасад, аммо чун Соли нав аз 1 январ қадам мениҳад, Хубон низ расман аз ҳамин сана лаҷоми ҳукуматро ба даст мегирад. Шахсе, ки дар ин мӯлҷар ба дунё меояд, дорои хислатҳои гуногун аст: одамдӯст, хушсуҳбат, пурсабру тоқат, боэътимод, зудбовар, раҳмдил, заҳматдӯсту ба рафиқон содиқ буда, вале гоҳе қайсару якраву гарданшах мешавад. Агар аз касе дилмонда шавад, дигар риштаи дӯстиро бо вай намепайвандад. Дар зиндагӣ бештар ба неруи худ бовар дорад, нотарс аст, садди душворгузаре дар пеши роҳаш пайдо гардад, бо тамоми қувват, маҳорат, донишу таҷриба ба он фишор оварда, аз беху бун дарафканда дур мепартояд.
Хислати бонувони Хубон мардона аст.  Онҳо бо назокат, мададрасон ва аз ҳад зиёд нозуктабиатанд. Мардҳо метавонанд ҳаёташонро бовар намуда ба дасти онҳо супуранд, онҳо ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунанд, фиреб намедиҳанд. Мутаассифона, хубононро фиреб додан кори осон аст, зеро онҳо хеле содадилу зудбоваранд. Вале, гоҳо ин содадилӣ душманонро ғафлатгир ҳам кардааст, аз ин рӯ, бо Хубон бо эҳтиёт бояд кор гирифт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


«ГУГУН» - қасри куҳан
Собиқ қароргоҳи зимистонаи шоҳони чинӣ дар Пекин, ки алъон маҷмаи «Гугун» («Қасри куҳан») номида мешавад, сертамошобинтарин осорхонаи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ҳафтаи гузашта ба дидани даргоҳи шоҳон 17 миллион сайёҳ омад.
Тибқи маълумот, қариб аз се ду ҳиссаи меҳмонони  хориҷиро ҷавонони то сисола ташкил медиҳанд.
Вақтҳои охир тамошои Шаҳри мамнӯъ маҳдуд карда шуда, рӯзе на беш аз 80 ҳазор нафар метавонад вориди он гардад. Ин тадбир ба хотири ҳифзи меъмории қадима ва ангораҳои осорхона роҳандозӣ шудааст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД 


САНГ ҲАМ ДИЛ ДОРАД
(АФСОНАИ СОЛИНАВӢ)
Марде, ки як умр бо қалби сангин зиндагӣ мекард, ҳамеша лоф мезад, ки дарду алам ва зиқиро ҳис намекунад.
Дар арафаи Соли нав дар қатори дигарон барои тамошои арча ба маркази шаҳр омад. Дар майдон бо кӯдаки ҷандапӯше  бархӯрд, ки аз бобои барфӣ таманнои солинавӣ кардан мехост. Ҳама ҷо барф мебориду шамоли сард мевазид, ба назар чунин менамуд, ки дарахтон ҳам ях кардаанд, вале кӯдак бо либоси тунук, гӯё урён буду меларзид.
- Ба ман роҳ диҳед, кори зарур дорам, - гуфт писарак вақте пештар аз худ марди танумандеро дид. Чун мард ба ҳоли ӯ хандиду пайи кори худ рафт, писар ба зону зад ва рӯ ба осмон нидо кард:
- Фариштаҳои осмон, аз шумо хоҳиш мекунам, ки барои ман аз хазинаи Худои меҳрубон бо дасти бобои барфӣ либос расонед. Пӯшоке, ки дар тан дорам, тамоман куҳнаву фарсуда асту  хунук мехӯрам.
Навакак шахсеро дидам, ки дилсарду бадбахт аст, метарсам то ба ях мубаддал нашавад. Илтиҷо дорам, ба ӯ қалби гарм ато кунед… 
Аҷиб, баъди фурсате ҳамон мард бо чеҳраи тамоман дигар баргашту дар даст либоси гарми кӯдакона дошт. Ӯ яқин ҳамин писаракро меҷуст…
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


АНЪАНАҲОИ АҶИБИ СОЛИНАВӢ
Шаби Соли нав дар Ҷопон зангӯлаҳо 108 маротиба занг мезананд. Зарбаҳои зангӯлаҳо мафҳуми яке аз шаш нуқсони одамӣ: сабукфикрӣ, беақлӣ, ҳарисӣ, ғазаб, ҳасад ва беҷуръатиро доранд. Ҷопониҳо чунин меҳисобанд, ки ҳар як нуқсони инсон аз 18 аломат иборат аст ва ба ҳамин хотир, 108 зарба зада мешавад.
Аммо аз ҳама аҷибаш ин аст, ки ҷопониҳо он тавре ки мо мефаҳмем Соли навро ҷашн намегиранд. Дар шаби Соли нав онҳо то дамидани субҳ ором мехобанд. Вале, субҳи барвақт аз хоб хеста, ҳама якҷо ба истиқболи сапедадами Соли нав мераванд.
Дар Италия бошад, рӯзи Соли нав ранги сурх маъруфтарин дониста мешавад. Бояд гуфт, ки итолиёвиҳо дар баробари Санта Клаус Бобои барфии худ - Бобо Наталеро низ чун итолиёвии ҳақиқии дӯстдори мӯд ва ранги сурх дӯст медоранд. Ба ин хотир, дар шаби солинавӣ аҳолии Италия – зану мард, кӯдакон ва ҳатто кормандони политсия ҳам, либосҳои ранги сурхдоштаро мепӯшанд.
Аргентиниҳо бошанд, дар арафаи Соли нав ҳамаи коғазҳои нолозимро аз хонаҳояшон, алалхусус аз идораҳо ба берун мепартоянд.
Тибқи анъанаи маҳаллӣ аз тиреза маҷалла, рӯзнома ва дигар коғазҳоро бояд ба берун партофт, алалхусус суратҳисобҳои куҳнашударо. Анъанаи солинавии испаниҳо ҳам аҷиб аст. Нисфи шаб онҳо 12 дона ангур мехӯранд ва ин амалро ҳангоми задани занги соати бурҷӣ иҷро мекунанд. Ҳар донаи ангур дар ҳар моҳи Соли нав бояд барояшон муваффақият орад. Ин анъана дар Испания бештар аз 100 сол идома дорад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


РӮЗИ НИКОЛАИ МУҚАДДАС
ГУФТАҲОИ НОГУФТА
Ҳар як халқ бобои  барфиро бо забони  худаш ном мебарад. Аз ҷумла, испаниҳо – Папа Ноэл,  руминиҳо – Мош Джарилэ, Ҳолландиҳо – Синте – Клаас, англисҳову амрикоиҳо -   Санта Клаус ва  русҳо -  Дед Мороз   ном гузоштаанд. 
Дар баробари ин, ақидаи  дигаре бобати  шахсияти воқеӣ будани Пирмарди барфӣ низ  зуҳур дорад.   Дар асл, асри IV – дар шаҳри Мираи Туркия Николай Мирликийский  ном шахсе ба сар бурдааст.  Ӯ шахси сарватманд буд  ва дар байни мардум бо некукорӣ ва поктинатӣ  эҳтироми зиёд дошт. 
Дар ин бора ривояте ҳаст, ки се оилаи аз ҳамзамони ӯ духтарони худро аз бенавоӣ хонадор карда наметавонистанд. Рӯзе аз рӯзҳои фасли  зимистон  Николай  аз тирезаҳои  ҳар яки онҳо  шаддаи ороишоти тиллоиро ба даруни хона мепартояд. Ҳамин тавр, дари бахти духтарон кушода мешавад. Бар замми ин, Николай  дар рӯзи мавлуди  Исои Масеҳ ба  кӯдакон ҳар гуна туҳфаҳо медод.
Мардуми  таҳҷойӣ   баъди вафот Николайро барои поктинативу  накукорӣ   Николайи  муқаддас эълон доштанд.  Барои шод намудани   рӯҳи Николайи  муқаддас 19 декабрро  бо номи «Николин ден»  ҷашн мегирифтанд. Ҷашн ба ҳукми анъана  даромада, ба Соли нави милодӣ табдил ёфт.  
Таҳияи  Иронбӣ МӮСОЗОДА


ТАВЛИДИ ДУБОРАИ МЕДАЛИ НОБЕЛ
Аз даҳшати Ҷанги Бузурги Ватанӣ физики машҳури данягӣ ҷоизадори Нобел Нилс Бор аз Копенгаген гурехта, аз душман паноҳ мебарад. Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки ӯ пеш аз фирор медали тиллоии нобелиашро дар як шиша арақи шоҳона маҳлул карда, дар озмоишгоҳ пинҳон мекунад. Пас аз ҷанг ба Дания баргашта, бо усули химиявӣ тиллоро аз моеъ ҷудо мекунад ва аз нав медали нобелӣ фармоиш медиҳад.
Аз русӣ тарҷумаи
М. ОДИНАЕВА


$ 11 МИЛЛИОН НАРХИ АРЧА
Чанд сол пеш дар яке аз толорҳои меҳмонхонаи «Emirates Palace»-и шаҳри Абу-Даби арчаи солинавие гузошта шуд, ки нархи он зиёда аз 11 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дарозии он 13 метр буда, бо 181 ороишот оро ёфт. Шохаҳои онро бозичаҳои тиллоии бо сангҳои қиматбаҳо гулкоришуда, ба монанди ёқути кабуд, алмоси суфта (бриллиант), зумуррад ва марворид оро медоданд.
Гинза Танака, заргар аз Ҷопон бошад, арчаи солинавии тиллоиро омода намудааст, ки аз 40 килограмм тиллои холис иборат аст. Ин муъҷизаи солинавӣ ба ҷашни 110 - солагии  Уолт Дисней бахшида шуда, аз 50 ҳайкалчаи тиллоии қаҳрамонҳои он иборат аст. Дарозии арча 2,4 метр ва нархи он 4,2 миллион доллар муайян шудааст.
Дар Сингапур заргарон арчаеро омода намуданд, ки нархаш зиёда аз 1 миллион доллар аст. Дарозии он 6 метр, вазнаш 3 тонна мебошад. Дар ороиши он 21 798 алмоси суфта истифода шудааст, ки 913 каратро ташкил медиҳад. Ҳар шохаи онро аз булӯр сохта буданд. Дар маҷмӯъ, булӯршохаҳо 3762 донаро ташкил доданд. Барои равшан кардани арча 500 чароғак истифода шуд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


10 САГИ МАШҲУРИ ТАЪРИХ
5. Пю
Пю саги зардинаест, ки бо зиракиву ҳушёрии худ дар Бонгкок маъруфу машҳур гаштааст.
Ӯ чун ҳарвақта соҳиби худро ба кор гуселонда ба хона бармегашт. Ҳангоми аз назди партовгоҳ гузаштан ба гӯшаш овозе расид. Ҳамон замон худро ба  партовгоҳ зада дид, ки овоз аз дохили коғазхалта меояд. Зуд коғазхалтаро бо дандонҳояш сахт дошта ба сӯйи хона метозад. Ҳангоми ба манзил расидан баланд – баланд  аккос зада, таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб менамояд. Баъдан соҳибаш давида омада мебинад, ки дар халта тифлаки ширмакест. Зан зуд тифлро бо матои гарм печонда ба ёрии таъҷилӣ занг мезанад. Табибон ҳангоми расондани кумаки аввалия мегӯянд, ки агар ками дигар вақт мегузашт, ба кӯдак ёрӣ расондан ғайри имкон буд. 
Хабари қаҳрамонии Пю то ба шаҳрдорӣ расид. Фармони ба Пю туҳфа намудани гарданбанд бо нишон содир гардид. Соҳибонаш низ бо 250 евро қадр шуданд.
Таҳияи З. БОБОРАҶАБОВА


ГАНҶИ  ШОЙГОНИ КИШТИҲОИ  ҒАРҚШУДА
Садамаи Nuestra Senora de las Mercedes
Nuestra Senora de las Mercedes — киштии ҳарбии испанӣ тиллои мустамликаҳои амрикоии Испанияро мебурд. Лекин 5 октябри соли 1804 дар ҷараёни муҳориба бо флоти британӣ назди димоғаи Санта-Мария ғарқ шуд. 
Соли 2007 маҳали садамаро ширкати амрикоии «Odyssey Marine Exploration» пайдо намуд. Боре, ки ба Флорида оварда шуд, аз 17 тонна тангаи тиллою нуқраи Испания иборат буд. Ин бозёфти нодир $500 миллион арзиш дошт.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
РОНАНДАИ НОАЁН
Дар Карлтон (Африқои Ҷанубӣ) автомобили тундраве пулис – нозирони роҳро ангушти ҳайрат газонд, чаро ки ба назар бе ронанда менамуду бо суръати 150 километр дар як соат мерафт. Баъди тайи 50 километр масофа, нозирони роҳи Йоханнесбург автомобил – шабаҳро боздоштанд. Дар паси чанбар паканае менишаст, ки қадаш ба зӯр ба лавҳаи асбобҳои нишондиҳандаҳо мерасид. 
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


«FORD» АЗ МОШИНҲОИ ХУШСИФАТ ТО ХОНА БАРОИ САГ
Таҳқиқоти навин нишон медиҳад, ки аксари сагҳои хонагӣ  аз садои баланд ба мисли таркиши мушакҳо (фейерверк) ҳарос доранд. Ин масъала дар арафаи Соли нав хеле мубрам гардидааст. Ширкати «Ford» ҳалли ин масъаларо дар яке аз лоиҳаҳояш пешниҳод намуд.
Ширкат хоначаи махсусе сохтааст, ки гӯши ҷонварҳои хонагиро аз овозҳои баланд эмин медорад. Пай бурдан мушкил нест, ки дар ин сохтмон технологияҳои муосири зидди садои мошинҳои «Ford» истифода шудаанд.
Деворҳои хонача бо матои махсус пӯшонда шудаанд. Масолеҳи зиддиларзишӣ ва пӯкҳои зичиашон баланд барои пахш намудани овоз истифода мешаванд. Барои хона ҳатто системаи махсуси ҳаводиҳии беовоз пешбинӣ шудааст.
Айни ҳол ин хона ягона буда, дар ҳолати озмоишист. Ширкати «Ford» вобаста ба талаботи ин ихтироъ тасмим дорад дар оянда истеҳсоли умумии онро ба роҳ монад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2018    №: 259    Мутолиа карданд: 315

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед