иҷтимоиёт
МАҚОМИ ЗАН МАҚОМИ ҶОМЕА АСТ
Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳоро ба миён гузоштанд, ки боиси сарафрозии мо, занону духтарон аст. Мо шукрона аз он мекунем, ки дар чунин кишвари орому осудаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем ва чунин Сарвари мушфиқу ғамхор дорем.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии раиси ноҳияамон дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» таъсис ёфт, ки сарварии он ба зиммаи ман вогузор шудааст. Ман аз таваҷҷуҳи беандозаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, махсусан беҳбудии вазъи иҷтимоии занону духтарон ва дар заминаи он боз ҳам фарох доман густурдани ҳунармандӣ дар саросари кишвар рӯҳбаландам.
Давоми ёздаҳ моҳи соли равон бо мусоидати муассисаи мо дар маҳаллаҳои Камоли Хуҷандӣ «Маркази дӯзандагӣ» (попурзанию бофандагӣ), Бедил «Маркази кафшергарӣ» , Бадахшон «Маркази курсҳои кӯтоҳмуддати компютерӣ, забонҳои хориҷӣ ва дӯзандагӣ», шаҳраки 192 «Маркази ҳунарҳои миллӣ» (попурзанӣ, дӯзандагӣ, кӯрпадӯзӣ ва бофандагӣ), кӯчаҳои «Дӯстии халқҳо» «Маркази қолинбофӣ ва адрасбофӣ» ва Назаршоев «Маркази дӯзандагӣ, бофандагӣ, қуроқдӯзӣ» фаъолият менамоянд. Ба қарибӣ дар маҳаллаи Улуғбек низ коргоҳи қаннодӣ кушодем. Дар маҷмӯъ, дар ин марказҳо занону духтарони зиёд ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд ва қариб 400 нафар ҳунарҳои гуногуни мардумиро омӯхтанд. Бовар дорам, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аксарияти занони хонашини деҳот низ соҳиби касбу кори муносиб ва зиндагии пурсаодат мешаванд.
Садбарг САЪДУЛЛОЕВА,
сарвари Муассисаи давлатии
«Ҳунарҳои мардумӣ»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.12.2018 №: 259 Мутолиа карданд: 359