иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Турсунбой Ахмедов аз зумраи нафаронест, ки дар рушди илми тоҷик нақши созгор гузоштааст. Фаъолияти илмию истеҳсолии ӯ гуногунҷабҳа буда, сабзавоткорӣ, картошка ва боғу токпарвариро дар бар мегирад.
Шурӯъ аз ҳимояи рисолаи номзадӣ таҳти унвони «Истифодаи нуриҳо дар кишти харбузаи водии Вахш», ки дар Институти умумииттифоқии сабзавоткорӣ (Москва) дифоъ намуд, ба таҳқиқи мушкилоти соҳа пардохт. Кӯшишу ғайрати ӯро ба назар гирифта, соли 1990 мудири шуъбаи комплекси сабзавоткории саридораи Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Боғпарвар» таъйин намудандаш. Тамоми фаъолияти минбаъдаи илмиву истеҳсолии Т. Ахмедов бо ҳамин даргоҳ пайванд мебошад. Иҷрои вазифаҳои пурмаҳсули ҷонишини директор ва сарвари Иттиҳодияи «Боғпарвар» - и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон малака ва маҳорати касбӣ ва, пеш аз ҳама, дониши ӯро фарохтар намуд. Вале дар ҳама ҳолат аён мегардид, ки шавқи ӯ ба илм бештар аст. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки солҳои фаъолияташ дар вазифаи директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзӣ давраи аз ҳама пурмаҳсултарини ин даргоҳ ба шумор меравад.
Тӯли фаъолияти илмиаш қариб 200 монография, мақола ва тавсияномаҳо ба табъ расондааст.
Таҳти роҳбарии академик Турсунбой Ахмедов олимон навъҳои нави пиёз, картошка, ангур, зардолу, шафтолу ва нокро коркард намуда, дар Осиёи Марказӣ низ хеле маъмулу машҳур гаштаанд. Бо талошҳои ӯ, ҳамчунин, дар филиали ба номи И. В. Мичурини Иттиҳодияи «Боғпарвар» (2003) маркази ягонаи омӯзиши навъҳои гуногуни зардолу ва технологияи парвариши он ташкил шуд. Ҳоло марказ бо Институти байналмилалии захираҳои генетикии рустаниҳои Италия, Маркази ҷаҳонии сабзавоти Тайван, Институти ҷаҳонии картошкапарварии Перу, Ташкилоти озуқаворию кишоварзӣ, институтҳои россиягии сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ ҳамкорӣ дошта, дар пешниҳоди навъҳои нави рустаниҳои полизӣ ва санҷиши онҳо нақши созгор дорад.
Академик Т. Ахмедов дар минтақаи Осиё Марказӣ ва берун аз он оид ба масъалаҳои боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ аз зумраи олимони шинохта маҳсуб меёбад. Ӯ барои фаъолияти самараноки илмию истеҳсолиаш бо ордени «Шараф» сарфароз гардидааст.
С. САИДЗОДА,
ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,
С. САНГИНОВ, узви вобастаи академияи мазкур
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.12.2018 №: 260 Мутолиа карданд: 335