logo

иҷтимоиёт

ТИБ. ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК ХИЗМАТРАСОНӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

Бо мақсади ҳифзи бозори истеъмолӣ, пешгирӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Темурмалик дар давоми 11 моҳи соли 2018 дар 130 маркази савдо, бозор, дукон ва мағозаҳо бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва амният зиёда аз 200 санҷиши нақшавӣ гузаронд.
Санҷишҳо нишон доданд, ки на ҳама соҳибкорон ва фурӯшандагон ба масъалаи дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ нигоҳ доштани маҳсулоти истеъмолӣ диққати лозимӣ медиҳанд. Маҳсулоти пастсифати хӯроквории муҳлати истеъмолиаш гузашта, аз қабили гӯшти мурғ, ҳасиб, маҳсулоти қаннодию ширӣ (ҷурғоту қаймоқ) ва нӯшокиҳои ташнагишикан, ки ҷавобгӯи талаботи санитарию гигиенӣ нестанд ва бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба муомилот бароварда шудаанд (ба миқдори 175 килограмм  ва маблағи 1700 сомонӣ), аз муомилот боздошта шудаанд. Нисбат ба 70 нафар ҳуқуқвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 7 ҳазору 150 сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Ҳамзамон, 10 нуқтаи савдо бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ муваққатан баста шуданд.
Бояд гуфт, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда фурӯши маводи муҳлаташон гузашта қатъиян  манъ аст.
- Тавре ба мушоҳида мерасад, иддае аз савдогарон ба қонунвайронкуниҳо роҳ дода, маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузаштаро ба фурӯш мебароранд. Фурӯшанда барои вайрон кардани ҳуқуқи истеъмолкунанда ҷавобгар мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки бештари фурӯшандагон оид ба оқибатҳои фурӯши маҳсулоти пастсифат маълумоти кофӣ надоранд ё дидаю дониста онро дағалона вайрон мекунанд, - гуфт зимни суҳбат Муслиҳидин Кавгов, директори маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Темурмалик.
Маҳсулоти ғизоие, ки аз хориҷи кишвар ворид мегардад, на ҳамеша ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамагон аз ҷангҳои биологию экологии ҷаҳони муосир хуб огоҳанд. Аз ин лиҳоз, ҳангоми харид ба муҳлат ва сифати маҳсулот бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.
- Ҳамчунин, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки истеъмоли маҳсулоти консервагиро, ки дар шароити хонаҳо тайёр карда мешаванд ва ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи истеъмолӣ надоранд, аз хариди онҳо худдорӣ кунанд. Зеро он барои саломатӣ хеле хатарнок буда, шахсро метавонад ба бемориҳои ботулизм оварда расонад,- афзуд Муслиҳидин Кавгов.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2018    №: 260    Мутолиа карданд: 185

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед