logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ИМРӮЗ АЗ ДИРӮЗ ЗЕБОТАР АСТ

Пойтахти  Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мешукуфад, хусусан солҳои охир, ҳар рӯз зеботару дилработар мешавад. Биноҳои хуштарҳи замонавии истиқоматӣ, истеҳсолӣ, маъмурӣ, хизматрасонӣ қомат меафрозанд. Дар доираи созандагиҳои бомаром 27 декабр раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълими томактабии №№ 131 (ноҳияи Фирдавсӣ), 18 ва 56 (ноҳияи Сино), бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокии КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» ҳусни оғоз бахшид.

Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, биною муассисаҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бунёд ёфтанд.
Раиси шаҳр дар маҳаллаи Гулбутта муассисаи таълимии томактабии № 131-ро ифтитоҳ намуда, зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дод ва таъкид кард, ки тарбиятгарон бояд масъулиятшинос бошанд ва барои таълиму тарбияи кӯдакон аз шароитҳои фароҳамомада босамар истифода баранд, зеро кӯдакон ояндаи давлату миллатанд.
Муассиса дар масоҳати 1600 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ ба маблағи қариб 5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, аз се ошёнаю таҳхона, айвончаю ҳуҷраҳои хобу толорҳои бозӣ, варзиш, мусиқӣ, утоқҳои корӣ, ошхонаю иншооти дигари ёрирасон иборат аст ва барои 110 кӯдак пешбинӣ шудааст. Омӯзиш дар муассиса ба забонҳои тоҷикию русӣ ҷараён мегирад.
Муассисаи таълимии № 56 қаблан 160 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирифт ва ба таъмиру азнавсозӣ эҳтиёҷ дошт. Баъди азнавсозӣ ва бунёди як бинои нав ҳоло муассиса 280 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Баъди азнавсозӣ дар саҳни кӯдакистон 12 айвонча, майдончаҳои бозию дилхушӣ ва ҳавзи шиноварӣ бунёд ёфтанд. Муассисаи таълимии томактабии № 18 аз 14 ҳуҷраи хобу 14 ҳуҷраи бозии кӯдакон, утоқҳои либоскашӣ, машқ, мусиқӣ, гимнастика ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, бо харҷи қариб 8 миллион сомонӣ бунёду навсозӣ шудааст.
Бинои шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансур дар остонаи Рӯзи кормандони амнияти миллӣ бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ифтитоҳ ёфт. Рустами Эмомалӣ бинои навро туҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони амнияти миллӣ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки беҳсозии шароити кору зиндагии кормандони сохторҳои қудратӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Бино аз 4 ошёна, 8 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ, анбор, ҳаммом, толори варзиш ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Атрофи иншоотро гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ зинат додаанд.
Лоиқи таҳсин аст, ки тайи солҳои охир дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Рустами Эмомалӣ фаъолияти озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокии КВД «Обу корези шаҳри Душанбе»-ро, ки бо мақсади ташхису озмоиши сифати оби нӯшокӣ дар пойтахт бунёд ёфтааст, ҳусни оғоз бахшид.
Озмоишгоҳ аз бинои дуошёнаи дорои таҳхона, ҳуҷраҳои ташхисию корӣ, маҷлисгоҳ иборат буда, ҳуҷраҳои ташхисӣ бо дастгоҳу таҷҳизот, ҳуҷраҳои корӣ бо технологияҳои иттилоотии навтарин муҷаҳҳазанд. Он бо харҷи 12 миллион сомонӣ аз буҷети шаҳр бунёд гардидааст. Дар ин ҷо 30 намуди ташхис гузаронда мешавад. Кормандони озмоишгоҳ изҳор намуданд, ки чунин шароити хуби корӣ барои онҳо дар ягон давр вуҷуд надошт.
Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муаззами  миллат қарор дорад ва то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз иншооти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ сохта мешаванд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2018    №: 260    Мутолиа карданд: 174

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед