logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ. ФАРҲАНГ ВА СИМОИ МАЪНАВИИ МАРДУМ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳарсола муҳимтарин марҳилаҳои рушд, омилҳои пешрафт ва дурнамои ояндаи мамлакатамонро фаро гирифт. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи Сарвари давлат пеш аз ҳама ба падидаҳои фарҳангӣ ва таърихии халқ ва дар ин замина рушд бахшидани деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нигаронда шуд.
Баъд аз ироаи Паём бо чанд тан аз зиёиёни мамлакат ҳамсуҳбат шуда, андешаҳои онҳоро шунидем.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон:
- Пешвои миллат дуруст тазаккур доданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида таваҷҷуҳи нек зоҳир гардид. Бавижа, барои ҳифзи забони давлатӣ ва арзишҳову суннатҳои ниёгон тадбирҳои муассир андешида шуданд. Дар ин робита, нақши мо – адибон аз он иборат аст, ки вобаста ба қадрдонии Ҳукумату давлат пояҳои фарҳангиву ахлоқии ҷомеаро боз ҳам устувортар гардонем. Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан, ёдгориҳои таърихии Саразм, Қалъаи Ҳулбук ва монанди инҳоро бештар муаррифӣ кунем ва дар ғановати маданияти таърихию сайёҳии кишвар саҳм гузорем.
Сарвари давлат ёдгориҳои таърихиро дар мисоли Саразм, Қалъаи Ҳулбук ҷузъи таркибии сарнавишти миллат унвон дода, гуфтанд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».

Анзурати Маликзод, ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ:
- Пайки муҳиму фараҳбахши Паёми навбатӣ таъкиду тарвиҷи мақоми зан - модар дар ҷомеа буд. Пешвои миллат бори дигар ба кордонӣ, соҳибкасбӣ, малака, таҷриба, маданият ва фарҳанги оиладории зани тоҷик ишораҳо карда, таъкид намуданд, ки занҳо ҳар чи бештар ба корҳои  давлатӣ, низоми бонкӣ ва соҳибкорӣ ҷалб карда шаванд.
Президенти мамлакат аз модар сарчашма гирифтани забонро махсус ёд карда, изҳор доштанд: «Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд. Дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму оин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд».
Баҳман Муродӣ, корманди нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ»:
- Муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, ки аз тарафи Пешвои миллат таъкид гардид, мо – рӯзноманигорону адибони ҷавонро масъулияти дигар мебахшад. Зеро маҳз ҳамин қишри ҷомеа бо шабакаҳои интернетӣ равобити пайваста доранд ва тавассути матолиби ҷолиб, аксҳои диданӣ, матнҳои тарғиботӣ дар рӯнамоии маконҳои ҷаҳонгардии кишвар саҳм гузошта метавонанд.
Пешвои миллат эътимодашонро нисбат ба мо чунин баён доштанд, ки ин ҳам боиси сурур ва ҳам сарчашмаи масъулиятҳои ҷадид аст: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2019    №: 1    Мутолиа карданд: 214

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед