logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Гулчеҳра Нуъмонова аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг ва ҳунари ҷумҳурӣ буда, бо фаъолияти густурдаи худ дар омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва ҳунар саҳми муносиб гузоштааст.

Ҳанӯз овони донишҷӯйӣ дар факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (имрӯза ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ва баъдан дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон бо маҳорати хос байни омӯзгорону донишҷӯён соҳибэҳтиром гардида буд.
Баъди хатми донишкада ба ҳайси   устоди кафедраи маҳорати актёрӣ ва нутқи саҳна пазируфта шуд. Маҳорату малакаи таҳлилӣ ва тахассусӣ, шинохту ташхиси мушкилоти соҳа ва дигар хислатҳои наҷиби Г. Нуъмоноваро ба назар гирифта, раёсати донишкада ӯро барои таҳсил ба аспирантураи Донишкадаи давлатии театр, мусиқӣ ва кинематографияи ба номи Н. Черкасови Ленинград (ҳоло  Санкт – Петербург), фиристод. Таҳсил дар бузургтарин боргоҳи санъати шӯравӣ ва ошноӣ бо устодони номдори театр,  муҳити илмию эҷодӣ диди бадеиву эстетикии Г. Нуъмоноваро тавсеа бахшид. Ин буд, ки баъди хатми  ин зинаи таҳсилот ба кори эҷодӣ, ҳунарӣ ва омӯзгорӣ пардохта, аз вазифаи устоди кафедраи нутқи саҳна то ба дараҷаи декани факултети театрӣ – бадеӣ сабзид.
Қобилияти хуби ташкилотчигӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва ибтикорписандӣ ӯро ба самти роҳбарӣ ва мудирияти соҳаи фарҳангу санъат раҳнамун сохт. Ин буд, ки ба вазифаи роҳбарии мақомоти давлатӣ баргузида шуд. Ӯ дар вазифаҳои муовин ва мушовири вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, директори Осорхонаи миллии ба номи К. Беҳзод фаъолият намуда, дар доираи дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худ ин самти мушкил ва дар айни замон калидии фарҳангу санъатро, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ вазъи буҳрониро аз сар мегузаронд, ба сӯйи рушду тараққӣ таккон дод. Мавсуф, баробари фаъолияти фарҳангӣ ва роҳбарӣ ба кори илмӣ – таҳқиқӣ низ ҷалб шуд. Самти илму таҳқиқ ва таълиму тадрис устодро ба кори омӯзгорӣ ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода бурд ва дар ин даргоҳи илм донишҳои назариявии ӯ, ки дар натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмӣ  рӯйи даст омада буданд, амалан татбиқ гардиданд.
Пасон, боз ба кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳнаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба кор даъват шуда, то имрӯз дар омода кардани мутахассисони ояндаи соҳаи актёрӣ заҳмат мекашад. Ҳадафи асосии Г. Нуъмонова татбиқи амалии барномаҳои таълимӣ тавассути таълиму тадриси муваффақ ва дар ин замина хидмат кардан ба соҳа аст.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2019    №: 2    Мутолиа карданд: 190

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед