logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ – МУЖДАЕ АЗ ПЕШРАФТУ ОБОДОНӢ

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҷамъбасти мантиқӣ ва бобарори сол номид. Зеро Пешвои миллат дар он масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоию иқтисодии кишварро таҳлил намуда, аз бурду бохти ҷомеа сухан ронданд.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки аз Паёми гузашта то Паёми навбатӣ кишвари мо ба комёбиҳои чашмрас ноил гашт.  Дастоварди азимтарини мо ба кор даромадани агрегати аввали НБО «Роғун» мебошад, ки барои расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳимтарини стратегӣ - истиқлолияти энергетикӣ, заминаи мусоид фароҳам овард.  Хурсандиовар аст, ки масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ин навбат низ аз мадди назари Сарвари давлат дур намонд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор корманд ҳамагӣ 52 дарсадро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 бошад,  ин нишондиҳанда ба 70 дарсад расидааст. Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор корманд 25 ҳазор нафар занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда соли ҷорӣ аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад. Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 дарсад ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 дарсадро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Солҳои 2019 - 2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар такони ҷиддие хоҳад бахшид. Зеро муаррифии имкониятҳои фаровони сайёҳии кишвар ба ҷаҳониён барои афзудани нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсири мусбат мерасонад. Таваҷҷуҳи хос ба ободонии маҳалу деҳот бошад, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат менамояд.
Мутриба ТӮЙЧИЗОДА,
омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2019    №: 2    Мутолиа карданд: 216

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед