logo

сиёсат

ПАНҶ ВОҚЕАИ МУҲИМТАРИНИ СОЛИ 2018 Ё САНАҲОИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ

Соли  2018 барои сокинони Тоҷикистон соли таърихӣ, бобарор ва пурфайзу бобаракат буд. Мо тасмим гирифтем, ки 5 рӯйдоди муҳимтарини солро манзури хонандагон гардонем.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028»
Маҷмаи умумии СММ зимни ҷаласаи 73-юми худ лоиҳаи Қатънома таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» - ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви СММ пешниҳод шуда буд, якдилона қабул намуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси Маҷмаи умумии СММ даъват ба амал оварда шудааст, ки бо мақсади амалигардонии ҳадафҳо ва вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва ҷиҳати дастгирӣ намудани даҳсола моҳи марти соли 2021 ҷаласаи сатҳи баланд баргузор гардад.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – шарикони стратегӣ
Ба шарофати иродаи сиёсии президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев  дар муносиботи миёни  ин ҷумҳуриҳои ҳамсоя  саҳифаи нав боз гардид. Ибтидои соли гузашта 9 гузаргоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро баъди чоряк аср ба  висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояҳои нек расонд.
Аввалин сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (9 – 10 март) ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон (17 - 18 август) дар робитаҳои ду кишвар ва халқи ҳамсояву дӯст таҳаввулоти воқеӣ ба амал оварданд. Дар доираи ин сафарҳо 27 санади муҳим ба имзо расида, Тоҷикистону Ӯзбекистон шарикони стратегӣ шуданд.

Аз иҷлосияи муждарасони наҷот то иншооти нодиртарини аср
16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмачаи рамзӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» - ро гардон карданд ва ин иншооти аср ба фаъолият оғоз кард. Ва қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор гирифт.

Эстакадаи нахустин дар Тоҷикистон
Бори нахуст  дар Тоҷикистон чорсӯи  сесатҳа мавриди истифода қарор гирифт. Он дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров қарор дошта, дар сатҳи дувуми эстакада роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пул бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад. Ҳамзамон, 4 роҳи зеризаминӣ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.


Футболбозони тоҷик ба чемпионати ҷаҳон мераванд
Баъди интизории ёздаҳсола дар таърихи футболи тоҷик бори дувум дастаи мунтахаби наврасони то 16 - солаи Тоҷикистон зери роҳбарии Зайниддин Раҳимов ба чемпионати ҷаҳон – 2019 (U-17), ки дар Перу мегузарад, роҳхат гирифтанд. Футболбозони мо моҳи октябри соли 2018 дар Малайзия дар чемпионати Осиё маротибаи якум ба финал баромада, сазовори медалҳои нуқра гаштанд.
Рӯйдоди фараҳафзои дигар ин қаҳрамонии самбочии маъруфи кишвар Хушқадам Хусравов дар чемпионати ҷаҳон (Бухарест) буд. Зимнан, ӯ беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2018 баргузида шуд.  
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2019    №: 2    Мутолиа карданд: 363
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед