logo

илм

Иқлим тағйир меёбад. Чӣ бояд кард?

Маърифати экологии аҳолӣ яке аз асосҳои ташаккулёбии шакли ҳаёти инсон ба ҳисоб рафта, ба таъмини рушди устувори кишвар равона карда шудааст.
Муҳимияти ин масъаларо ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ чораҳои мушаххасеро амалӣ менамояд. Бо ин мақсад  «Барномаи давлатӣ оид ба маърифати экологӣ ва тарбияи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000-2010» қабул гардида, амалӣ шуда истодааст. Инчунин  бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва Хазинаи глобалии экологӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи «Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иштироки тарафҳои дахлдор ҳамчун усулҳои таъсири глобалии экологӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии мардум» амалӣ мешавад, ки мақсади он асосан аз баланд бардоштани савияи маърифати экологӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо  иборат аст.
Дар солҳои охир проблемаи тағйирёбии глобалии иқлим дар маркази диққати  ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад ва мавриди муҳокимаи васеи байналмилалӣ мегардад. Тағйирёбии глобалии иқлим ба вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии сайёра таъсири манфӣ дошта, боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ мегардад. 
Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳсор дорои шароитҳои хоси табиӣ-иқлимӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ мавқеи муҳими ҷуғрофиро ишғол менамояд. Шароити табиии кишвар на танҳо хусусиятҳои иқлимии мамлакат, балки дар маҷмӯъ иқлими минтақаро муайян месозанд. Дар Тоҷикистон экосистемаҳои кӯҳӣ мавқеи ҳукмфарморо ишғол менамоянд ва онҳо 80%-и тамоми гуногунии набототу ҳайвонотро фаро мегиранд. Экосистемаҳои кӯҳӣ аз нозуктарин экосистемаҳои сайёра ба ҳисоб мераванд ва ба  тағйирёбии иқлим хеле ҳассос мебошанд.
Тағйирёбии иқлим ба вазъи солимии ҷомеа таъсири манфӣ дорад. Дар натиҷаи гармшавии иқлим барои паҳншавии як қатор касалиҳои сирояткунанда шароити мусоид фароҳам меояд. Зимни гармшавии иқлим паҳнкунандагон ва барангезандагони бисёр бемориҳои сироятӣ хурӯҷ менамояд. Масалан, дар солҳои охир дар Тоҷикистон намуди тропикии касалии вараҷа ба қайд гирифта шудааст, ки пеш мавҷуд набуд. Илова ба ин ҳудуди паҳншавии бемории вараҷа дар минтақаҳои кӯҳӣ то баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр боло рафтааст.  Дар натиҷаи гармшавии иқлим барои паҳншавӣ ва афзоиши хомӯшакҳои вараҷа, ки бемории вараҷаро паҳн мекунанд,  шароити мусоид муҳайё мегардад.
Таъсири номатлуби тағйирёбии иқлимро ба экосистемаҳои кӯҳӣ ва мавҷудоти зиндаи онҳо баъзе мисолҳо собит месозанд. Таҳти таъсири гармшавии иқлим ва маҳдуд гардидани масоҳати пиряхҳо дар вақтҳои охир масоҳати 6 кӯли Помир (Тузкӯл, Шоркӯл, Рангкӯл, Учкӯл, Булункӯл, Аждаркӯл) торафт маҳдуд мегардад. Масалан таи чанд соли охир Шоркӯл, ки дар қисмати шарқии Помир ҷойгир аст,  қариб тамоман хушк гардидааст. Маҳдуд гардидани масоҳати кӯлҳои Помир ба мавзеъҳои зисти парандагони наздиобӣ ва дар об шинокунанда таъсири манфӣ мерасонад. То ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Рангкӯл ва Шоркӯл ғози ҳиндӣ, ки парандаи нодир ва эндемики минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, лона гузошта афзоиш менамуд. Бо сабаби  маҳдуд гардидани муҳити зист алҳол ғози ҳиндӣ дар Шоркӯл ва Рангкӯл дигар лона намегузорад.
 Тағйирёбии иқлим ба намуди ҳайвоноте, ки ба ғизои  гиёҳҳои сабз эҳтиёҷ дорад,  ҳайвоноти обӣ, аз ҷумла моҳиён, таъсири амиқ дошта,  боиси афзоиши шумораи баъзе намудҳои ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Тӯли солҳои охир дар шароити Тоҷикистон пай дар пай афзоиш ёфтани малах, кирми ғӯза, тортанаккана, шапалаки туркистонӣ, гамбуски лалмӣ ва ғайра, ки ба зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда ва чарогоҳҳо зиёни калони иқтисодӣ мерасонанд, ба қайд гирифта шудааст.
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол солҳои охир дар баррасии  масъалаҳои ҳалталаби экологӣ, аз ҷумла  тағйирёбии иқлим, иштироки фаъолона дорад. Соли 1998 аз ҷониби Ҳукумати кишвар Конвенсияи  тағйирёбии иқлим ба тасвиб расидааст ва дар асоси талаботи ин Конвенсия оид ба паст намудани шиддати таъсири  тағйирёбии иқлим як қатор тадбирҳо андешида шудааст. Аз ҷониби Муассисаи давлатии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби васеи коршиносон ду Ахбороти миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим таҳия шуд, ки дар онҳо маълумотҳои мавҷуда оид ба  тағйирёбии иқлим таҳлил ва ҷамъбаст гардидаанд. Аз ҷониби Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷабҳаҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла масъалаҳои тағйирёбии иқлим, оби тоза, гидроэнергетика, дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ташаббусу пешниҳодҳои  мушаххас ироа гаштаанд, ки онҳо ба беҳдошти вазъи экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона гардидаанд.  3 сентябри соли ҷорӣ Президенти кишвар, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии глобалии иқлим, ки дар Женева баргузор гардид, суханронӣ карда,  вазъи тағйирёбии иқлимро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳлили амиқ намуд. Дар маърӯзаи Президенти кишвар проблемаи нигаҳдории пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ таҳлил шуда, махсус зикр гардид, ки ҳалли самараноки ин проблема ба кӯшиши якҷояи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ вобастагӣ дорад  ва яке аз роҳҳои паст намудани шиддати тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ инкишофи гидроэнергетика ба ҳисоб меравад. Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар муқобили энергияи сӯзишворӣ метавонад партовҳои газҳои гармиро ба атмосфера маҳдуд созад ва таъсири номатлуби тағйирёбии иқлимро то андозае паст намояд.
Мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбандаи иқлим тақозо менамояд, ки сатҳи фаҳмиши мардум оид ба ин масъала баланд бардошта шавад.

А. САИДОВ,
Н. САИДОВ,
номзадҳои илмҳои биологӣ,
Ҳ. ГУЛАҲМАДОВ,
 номзади илмҳои
техникӣ.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1692

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед