logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ВА РАСОНИДАНИ КӮМАК БА ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 393) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар номи Қонун, муқаддима, бобҳои 2, 4, 5 ва матни моддаҳои 1 - 11, 13, 14, 16, 17, 20, 23, 25, 26, 28 - 30, 32 - 35 ва 40 калимаҳои «КӮМАК» «кӯмак», «кӯмаки», «кӯмакро», «кӯмакрасон», «кӯмакпулиҳои» ва «кӯмакҳои» мувофиқан ба калимаҳои «КУМАК», «кумак», «кумаки», «кумакро», «кумакрасон», «кумакпулиҳои» ва «кумакҳои» иваз карда шаванд.
2. Дар матни моддаҳои 1, 2, 4, 13, 18, 30-34, 38 ва 39 калимаҳои «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадориҳое», «ӯҳдадорӣ» ва «ӯҳдадории» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳо», «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «уҳдадориҳое», «уҳдадорӣ» ва «уҳдадории» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 1:
- ба сархати ҳафтум пас аз калимаҳои «ба сифати тӯҳфа» аломати вергул гузошта шавад;
- аз сархати бисту дуюм калимаҳои «ки дар онҳо вай ҳамчун объекти моликият баромад мекунад,» хориҷ карда шаванд.
4. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
5. Ба моддаи 6 сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- номгӯйи ҷиноятҳои бо савдои одамон алоқамандро муайян мекунад;».  
6. Дар моддаи 8:
- дар қисми 1:
- сархатҳои ҳаштум ва нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
- дар қисми 10 калимаҳои «Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии» ба калимаҳои «Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими» иваз карда шаванд;
- қисми 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«11. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ якҷоя бо субъектҳои дигари дахлдори амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон чораҳои вобаста ба огоҳонидан, маълумотдиҳӣ, маърифатнокӣ, машваратдиҳӣ, шуғл, фароғат ва вақтхушӣ, инчунин бозравонӣ ва дастгирии иҷтимоии қурбониёни савдои одамонро дар байни ҷавонон амалӣ мегардонад.»;
- қисми 12 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«12. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ якҷоя бо субъектҳои дигари дахлдори амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон назорати фаъолияти танзимгарони сайёҳӣ ва агентиҳои сайёҳӣ, инчунин тиҷорати моделӣ, шуғл ва намудҳои дигари фаъолият, ки метавонанд барои ҷалби қурбониёни имконпазири савдои одамон истифода шаванд, амалӣ менамояд.»;    
- қисмҳои 12, 13 ва 14 мувофиқан қисмҳои 13, 14 ва 15 ҳисобида шаванд.
7. Дар моддаи 16:
- дар сархати чоруми  қисми 2 калимаҳои «мубориза бар зидди» ба калимаҳои «муқовимат ба» иваз карда шаванд;     
- дар қисми 7 калимаи «огоҳонида» ба калимаҳои «хабардор карда»  иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 17:
- дар сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 3 калимаҳои «кофтукови савдогарони» ва «кофтукови шахсони» мувофиқан ба калимаҳои «ҷустуҷӯи савдогарони» ва «ҷустуҷӯи шахсони» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «махсусгардонидашуда ва воҳидҳои тафтишотии» ба калимаи «махсусгардонидашудаи» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми 5 моддаи 18 калимаҳои «кофтукови саривақтӣ» ба калимаҳои «ҷустуҷӯи саривақтӣ» иваз карда шаванд.
10. Моддаи 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 21. Тартиби додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон
1. Ба шахс додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон аз ҷониби яке аз субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, амалӣ карда мешавад.
2. Қарор дар бораи қурбонии савдои одамон эътироф намудани шахс аз тарафи шахси ваколатдори субъекти давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамояд, қабул карда мешавад.
3. Ариза дар бораи қурбонии савдои одамон эътироф намудан аз ҷониби худи шахси зарардида ё намояндаи қонунии ӯ бо розигии ин шахс ба яке аз субъектҳои амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ё ба муассисаи махсуси давлатӣ ва ғайридавлатии дахлдор дода мешавад.
4. Дар сурати ба комиссияи байниидоравӣ, комиссияҳои ҳудудӣ, субъекти дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, муассисаи махсуси давлатӣ ё ғайридавлатии дахлдор ворид шудани аризаи шахси аз савдои одамон зарардида, он дар давоми 24 соат аризаро ба яке аз субъектони давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамояд, барои ҳалли  масъалаи ба чунин шахс додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ирсол менамояд.  
5. Мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ба шахси аз савдои одамон зарардида аз ҷониби субъекти давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамояд, баъди муайян ва дақиқ намудани ҳолатҳои зарурӣ, вале на дертар аз даҳ рӯз пас аз муроҷиат дар хусуси ба шахс додани ин мақом дода мешавад.
6. Ба қурбонии савдои одамон барои қабули қарор дар хусуси ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба ҷинояти нисбат ба ӯ дар самти савдои одамон содиршуда на камтар аз сӣ рӯз муҳлат дода мешавад, ки аз рӯзи муроҷиати шахс ба субъекти амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ё муассисаи махсуси давлатӣ ё ғайридавлатии дахлдор ҳисоб карда мешавад.».
11. Қисми 6 моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«6. Муҳлати ба қурбонии савдои одамон пешниҳод намудани маҷмӯи зикршудаи хизматрасонии иҷтимоӣ мумкин аст аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд бо розигии ҷабрдида барои тамоми давраи пешбурди парванда ва бартараф  кардани хатар ба ҳаёт ё саломатӣ ва ё таъмини амнияти наздикони ӯ дароз карда шавад.».
12. Дар қисми 3 моддаи 33:
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ» ва аломати нуқта ба калимаҳои «ҷавонон ва варзиш» ва аломати нуқтавергул «;» иваз карда шаванд;
- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба мақомоти рушди сайёҳӣ дар бораи ошкор намудани кӯдакон - қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки бинобар ба амал баровардани фаъолияти танзимгарони сайёҳӣ ва агентиҳои сайёҳӣ, инчунин фаъолияти моделӣ, шуғл ва намудҳои дигари фаъолият дар вазъи хатарноки иҷтимоӣ қарор доранд.».
13. Аз моддаи 45 рақами 1 ва қисми 2 хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1563

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 ноябри соли 2018, № 1229

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон     «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»-ро  баррасӣ  намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 590


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 306

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед