logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ШАҲРСОЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 12, қ. 1, мод. 998; с.2016, № 7, мод. 626) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- дар сархатҳои бистучорум, бистушашум ва бистуҳаштум калимаҳои «иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ» ва «корҳои сохтмонию васлгарӣ» ба калимаҳои «корҳои сохтмонӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати сиюдуюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархатҳои сиюсеюм ва сиючорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- таъмири асосӣ – корҳои сохтмонию васлгарӣ бо мақсади барқарор кардани хусусиятҳои истифодабарии конструксияҳои фарсудашуда ё ивазкунии онҳо бо конструксияҳои мустаҳкаму босифат;
- иншооти (биноҳои) муваққатӣ – бино ва иншооти муваққатии дар майдони сохтмон барои пешбурди корҳои сохтмонӣ дар муҳлати иҷрои онҳо истифодашаванда, инчунин иншооти бе таҳкурсии хусусияти ғайриасосидошта, ки конструксияҳои онҳо васлу таҷзияшаванда мебошанд.».
2. Ба моддаи 5 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Ба низоми меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ дохил мешаванд:
1) Ҳуҷҷатҳои меъёрии давлатӣ:
- регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон;
- меъёру қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон;
- маҷмӯи қоидаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмон;
- стандартҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон;
- шартҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маснуот, конструксияҳо ва масолеҳи сохтмонӣ.
2) Ҳуҷҷатҳои меъёрии истеҳсолию соҳавӣ:
- стандартҳои корхонаҳо (иттиҳодияҳо) ва маҷмааи сохтмонӣ;
- шартҳои техникӣ ба маснуот, конструксия ва масолеҳи сохтмонӣ.
3) Ҳуҷҷатҳои меъёрии байналмилалӣ ва байнидавлатӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати санадҳои меъёрии давлатии сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шудаанд:
- стандартҳои байналмилалӣ (минтақавӣ) дар соҳаи сохтмон;
- меъёру қоидаҳои байнидавлатии сохтмон;
- маҷмӯи қоидаҳои байнидавлатӣ оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмон;
- стандартҳои байнидавлатӣ дар соҳаи сохтмон;
- ҳуҷҷатҳои роҳбарикунандаи байнидавлатӣ дар соҳаи сохтмон.».
3. Дар моддаи 12:
- дар сархати шашум калимаҳои «, маркази ноҳияҳо ва шаҳракҳоро» ба калимаҳои «ва маркази ноҳияҳоро» иваз карда шаванд;
- сархатҳои сездаҳум, чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- номгӯи объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ, инчунин номгӯи муфассали объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегиро тасдиқ менамояд;
- қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳоро муқаррар менамояд;
- низомномаҳои мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозиро тасдиқ менамояд;».
4. Дар қисми 1 моддаи 15:
- ба сархати ҳафтум баъд аз калимаи «шаҳрҳо» калимаҳои                     «, маркази ноҳияҳо» илова карда шаванд;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро таҳия ва бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;»;
- дар сархати ҳаштум калимаи «онҳоро» ба калимаҳои «дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 16:
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
 «2. Мақоми маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ иҷозат медиҳад.».
6. Ба моддаи 17 сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозиро амалӣ менамоянд;
- барои тасдиқи лоиҳаи биноҳо ва иншоот розигӣ медиҳанд;».
7. Дар сархати чоруми моддаи 19 калимаҳои «на беш аз даҳ» ба калимаи «сӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 5 моддаи 20 калимаҳои «марзию маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
9. Сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми  қисми 3 моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- лоиҳаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки тибқи моддаи 64 Кодекси мазкур аз экспертиза гузаронидани онҳо ҳатмӣ нест, барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти экспертиза пешниҳод намоянд;
- назорати техникии ҷараёни таҳияи лоиҳа, мутобиқати корҳои иҷрошудаи сохтмониро ба лоиҳа ва сифати сохтмон таъмин намоянд;
- ҳангоми татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ назорати муаллифиро ба роҳ монанд;».
10. Сархати панҷуми қисми 2 моддаи 24 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 «- ҳангоми зарурат ба ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда дар мувофиқа бо фармоишгар, мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ бо тартиби муқарраргардида тағйиру иловаҳо ворид намоянд;».
11. Сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дар мувофиқа бо таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, фармоишгарон ва мақомоти экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ба ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ тағйироте ворид намоянд, ки ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои техникию иқтисодӣ бе паст кардани симои меъморию бадеӣ ва ҳалли конструктивии биноҳо, иншоот ва объектҳои дигар равона гардидаанд;».
12. Дар ҷумлаи якуми қисми 5 моддаи 51 калимаи «шаҳрҳоеро,» ба калимаҳои «шаҳрҳо ва маркази ноҳияҳоеро,» иваз карда шуда, калимаҳои «бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» хориҷ карда шаванд.
13. Дар қисми 6 моддаи 64 калимаҳои «экспертизаи давлатӣ экспертизаи асосноккунии сармоягузориҳо, асосноккунии техникию» ба калимаҳои «мақоми экспертизаи давлатӣ гузаронидани экспертизаи асосноккунии сармоягузориҳо, асосноккунии ҳалҳои техникию» иваз карда шаванд.
14. Ба қисми 4 моддаи 66 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ба истиснои ноҳияҳои шаҳри Душанбе) дар бораи сохтмони бино ва иншоот;».
15. Моддаи 73 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 73. Объектҳое, ки соҳибмулк метавонад мустақилона ба истифода қабул намояд
1. Соҳибмулк (фармоишгар, сармоягузор ё иморатсоз) ҳуқуқ дорад  объектҳои сохтмонашон анҷомёфтаи зеринро мустақилона барои истифода қабул намояд:
- таҷдиди (азнавтарҳрезии, азнавтаҷҳизонидани) бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ (ба истиснои биноҳои бисёрҳуҷрадор), ки бо тағйирдиҳии конструксияи асосӣ ва деворҳои бино, системаҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъйиноти вазифавии) бино вобаста намебошанд;
- иншооти (биноҳои) муваққатӣ;
- иморатҳои хоҷагию маишӣ дар ҳудуди қитъаҳои инфиродии наздиҳавлигӣ, хонаҳои шахсӣ, иморатҳо дар қитъаҳои замини ҷамъиятҳои боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, унсурҳои ободонии ҳудудҳои назди бино ё қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ (боғҳо);
- азнавтарҳрезии (азнавтаҷҳизонидани) биноҳои таъйиноти ғайриистеҳсолӣ, ки дар биноҳои мавҷудбуда анҷом дода мешавад ва тағйир додани конструксияи асосии биноро талаб наменамояд;
- шаклҳои хурди меъморӣ, майдончаҳои кушоди варзишӣ, роҳравҳо, ободонӣ, сангфарш кардани атрофи биноҳо (иншоот) ва тавора кашидани ҳудуди замини тибқи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба соҳибмулк вобастагардида;
- бино ва иншооти дар қисми 3 моддаи 63 Кодекси мазкур зикргардида.
2. Тартиби мустақилона барои истифода қабул намудани бино ва иншоотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
16. Ба қисми 4 моддаи 80 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Дар ҳолати аз ҷониби соҳибмулк таҷзия ва вайрон накардани бино ва иншоот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар асоси талаботи сархати шашуми қисми 1 моддаи 15 Кодекси мазкур таҷзия ва вайрон кардани бино ва иншоотро ташкил менамоянд.».
17. Дар қисми 2 моддаи 82 калимаҳои «марзию маъмурии» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1577


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 31 октябри соли 2018, № 1208


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 607


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 246

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед