logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8,  мод. 455; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1013;  с. 2010, №12, қ. 1, мод. 838; с. 2013, №7, мод. 536) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддимаи  Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, ҷустуҷӯ, дарёфти иттилоот, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳанги милливу ҷаҳонӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ танзим менамояд.».
2. Дар сархати сеюм моддаи 1 калимаи «ваколатҳои» ба калимаи «вазифаҳои» иваз карда шавад.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)»  хориҷ  карда шавад.
4. Дар матни моддаи 3 калимаҳои «ҳама гуна китобхонаҳо» ба калимаҳои «ҳама намудҳои китобхонаҳо»  иваз карда шаванд.
5. Дар қисми якуми моддаи 5 калимаҳои «вазъи иҷтимоӣ, сатҳи таҳсилот, ҳолатҳои ҷисмонӣ ва равонӣ ва молу мулк» ба калимаҳои «вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, таҳсилот, синну сол ва ҳолатҳои ҷисмонию равонӣ»  иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 6:
- дар қисми якум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди»  иваз  карда  шавад;
- ба қисми чорум баъд аз калимаи «соҳаи»  калимаи «фаъолияти»  илова  карда  шавад.
7. Дар қисми сеюми моддаи 7 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди»  иваз  карда  шавад.
8. Дар сархати панҷуми қисми якуми моддаи 11 калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ»  иваз  карда шаванд.
9. Аз қисми сеюми моддаи 12 калимаҳои «ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон»  хориҷ  карда  шаванд.
10. Ба номи боби 4, ном ва матни моддаҳои 14, 15, 151, 152 ва 16 баъд аз калимаҳои «СОҲАИ» ва «соҳаи» мувофиқан калимаҳои  «ФАЪОЛИЯТИ»  ва «фаъолияти»  илова карда шаванд.
11.  Дар қисми сеюми моддаи 18:
- сархатҳои дуюм, сеюм ва сездаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- ташкил ва таъмини фонди китобхонаҳо бо ҳуҷҷатҳо ва нашрияҳое, ки бо забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон чоп шудаанд ва ё новобаста ба ҷои чопашон оид ба Тоҷикистон мебошанд;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти китобдорӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ бо тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ;»;
- дар сархати ҳабдаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
« - иҷрои вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1571


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2018, № 1173


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 600


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 325

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед