logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. САНОАТИСОЗӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Кӯлоб ҳарчанд таърихи беш аз 2700 - сола дорад, ба назар шаҳри хеле ҷавон менамояд. Иншооти нави маъмуриву истиқоматӣ, корхонаҳои саноативу муассисаҳои фарҳангӣ, меҳмонхонаву боғҳои фароғатӣ, майдону гулгаштҳои мунаққашу зебои он далели ин гуфтаҳоянд. Яъне, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби созандагиву бунёдкориро барои ин гӯшаи бостонии диёр ҳам беандоза нисор кардааст. Мардуми сарбаланду худшиносаш имрӯз бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи Ватан, боз ҳам пайи ободиву созандагӣ буда, ҷиҳати расидан ба уфуқҳои тозаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заҳмату талоши дучанд менамоянд.

- Барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Дар доираи ин ҳамкориҳо бо мақсади таъмини деҳаҳои Даҳана, Чинор, Зиракӣ ва Хоҷа Исҳоқ бо оби нӯшокӣ лоиҳаҳо таҳия гардида, татбиқи онҳо бомаром ҷараён дорад. Ҳамчунин, аз ин ҳисоб дар деҳоти Даҳана сохтмони сардхона, коргоҳи бандубасти сабзавот ва 24 нуқтаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардид, ки дар онҳо 54 нафар бо ҷои кор таъмин хоҳад шуд, - изҳор дошт раиси шаҳр Хайрулло Амонулло.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорони меҳандӯсти маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, ба ин васила ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, бо саҳми онҳо ба маблағи 9,5 миллион сомонӣ 2 коргоҳи дӯзандагӣ, корхонаи ордбарорӣ, мағоза, ошхона, марказҳои хизматрасонӣ ва хонаи истиқоматии шашошёна сохта шуда, бунёди боз 25 корхонаи саноатӣ, 34 марказу нуқтаҳои савдо ва 26 муассисаи хизматрасонӣ бомаром идома дорад.
Саноат соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба рушди он диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳамин аст, ки теъдоди зиёди коргоҳҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, истеҳсоли хишт ва дару тирезаҳои пластикӣ таъсис ёфта, сохтмони боз 25 коргоҳу корхонаҳои нав  идома дорад. Дар натиҷаи андешидани чунин тадбирҳо, солҳои охир истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд шуданд.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ дастовардҳо назаррасанд ва деҳқонони меҳнатқарини Кӯлоб соли сипаришуда ҳосили фаровони ғалладонагӣ, сабзавот, пахта, картошка ва полизӣ рӯёнданд. Ҳамин буд, ки дар баробари таъмини бозорҳои минтақа ва ҷумҳурӣ, ба хориҷи кишвар 800 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд. Ба ҷуз ин, бо мақсади афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, дар ҷодаи истифодаи самараноки замин, воситаҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ислоҳот бо маром идома дорад.
Соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб босуръат рушд меёбад. Масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 80,35 гектарро ташкил дода, аз ҳисоби хоҷагиҳои моҳипарвар соли 2018 ба бозорҳои кишвар 105 тонна моҳӣ бароварда шудааст, ки нисбати соли 2017-ум 1,1 тонна бештар мебошад. Ҳамзамон, ҷиҳати бунёди ҳавзҳои нав боз 76 гектар замин ҷудо гардида, сохтмони онҳо оғоз шудааст.      
Ҳолати роҳҳо зери назорати доимии масъулон қарор дорад ва бо мақсади нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳо аз буҷети маҳаллӣ 339 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 19 километр роҳҳои байниноҳиявӣ ва 13,2 километр роҳҳои дохилишаҳрӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Аз ҷониби соҳибкорон бошад, 1,4 км  роҳ асфалтпӯш ва 3,3 км таъмир гашт.
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза касб кардаанд. Тавре раиси шаҳр Хайрулло Амонулло иброз дошт, то имрӯз 7 иншоот, аз ҷумла меҳмонхона, маркази хизматрасонӣ, муассисаи томактабӣ, толори пӯшидаи варзиш ва 10 синфхонаи иловагӣ сохта шуд. Ҳоло бошад, эъмори боз 128 иншооти нав, аз ҷумла  4 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тиббӣ, 6 иншооти варзиш ва 5 хонаи истиқоматӣ идома дорад.
Бахтовар КАРИМ,
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 216

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед