logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ - НОДИРТАРИН ВОҚЕАИ ТАЪРИХӢ

Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор рафта, дар сарнавишти халқи мо ҳамчун нодиртарин воқеаи таърихӣ нақши тақдирсоз дорад. Чунки ин рӯйдоди муҳим дар хонадони мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва ҳамфикрию ҳамзистиро пойдор намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”.
Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги  таърихӣ – Истиқлолияти давлатӣ, халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон, Суруд, Конститутсия ва пули миллӣ шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ, ҳамчун давлати мустақилу комилҳуқуқ эътироф гардид.                                     
Аз лаҳзаҳои аввали пойдор гардидани Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти бонизоми мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таъмин шуд. Дар ин раванд, бори аввал тариқи райъпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки раванди демократикунонии ҷомеаро боз  ҳам  мустаҳкамтар намуд. Дар низоми идоракунии давлат аввалин шуда мақомоти қонунгузори кишвар иборат аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис ёфта, бо қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ ба низом дароварда шуд.
Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ Артиши миллӣ ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил гардида, ҷиҳати таъмини сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои замони истиқлолият, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон камари ҳиммат бастанд.
Набояд фаромӯш кард, ки роҳи тайкардаи халқамон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамвору осон набуд. Аз ин рӯ, бо назардошти мушкилоти мавҷуда аз ҷониби Пешвои миллат се ҳадафи стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти  коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ пеш гузошта шуд. Зеро раванди бонизоми пешрафти иқтисодӣ ва  инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, асосан, аз ҳамин се омил вобастагии зич дошт.
Бинобар ин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои  дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва даҳҳо иншооти азиму муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ  сохта мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин,  дар ин давра, бо мақсади  таъмини  амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, як  қатор  корхонаҳои азими  истеҳсолӣ эъмор гардида, майдони  умумии боғу токзорҳои  мамлакат  ба 360 ҳазор гектар расонда шуд.
Маҳз  бо кӯшишу  чораҷӯиҳои амиқ сатҳи камбизоатӣ дар қаламрави  кишвар  паст гардида,  аз 81 ба 28 дарсад  коҳиш ёфт, ки аз болоравии сатҳу сифати  зиндагии сокинони  кишвар дарак медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар баробари эътибор додан  ба раванди бунёдкориҳо, диққату эътибори  Пешвои  миллат  ба  эҳёи  арзишҳои  миллӣ равона гашта, бо дастуру ҳидоятҳои созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта  шуд.
Ба ҷуз ин, бо иқдоми Пешвои миллат дар қаламрави ҷумҳурӣ миқдори муассисаҳои таълимии оливу миёна зиёд гашта, сатҳу сифати таълиму тарбия хеле баланд бардошта шуд. Аз ҷумла, қабули барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, компютеркунонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таъсиси Маркази миллии тестӣ далели шоёни ин гуфтаҳоянд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки самараву футӯҳи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар  шинохта шуд ва муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо 156 давлати ҷаҳон барқарор ва кишвари мо аъзои беш аз 80 созмони байналмилаливу минтақавӣ гардид.
Сабоҳат РАҲИМОВА,
омӯзгори МТМУ № 60-и ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2019    №: 9    Мутолиа карданд: 182

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед