logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОЁН БО ҲУВИЯТ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР СИТЕЗАНД

Раванди воқеот нишон медиҳад, ки дастовардҳои нодири сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва афзудани имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ душманони миллати тоҷикро ба шиддат асабонӣ кардааст. Як гурӯҳи худбохтаю фирорие, ки дигар симои хашинашон ҷойи қаламдод кардан нест, комёбиҳои бесобиқаи халқи тоҷик, бахусус дар ростои соли 2018 - ро зарбаи мулҳике ба рӯҳу равони худ шинохта, бо ҳувият ва арзишҳои миллӣ бештар дар ситез афтодаанд.
Бале, худбохтагони наҳзат ва ё гурӯҳи террористие, ки натавонистанд бо истифода аз охирин гузина - олами маҷозии интернет ба мафкураи мардум таъсир гузоранд, ба кӯшишҳои худ дар роҳи эҷоди ихтилофоти нав идома медиҳанд. Ин бешарафон, ки дар хориҷи кишвар худро «мухолифони сиёсӣ» мехонанд, асрорашон барои ҳама, ҳатто, бархе кишвару созмонҳое, ки аз низоми сиёсатҳои духӯра истифода мекунанд, фош гардид. Ва риёкории беш аз ҳад мавқеъгирии доираҳои муайянро дар баробари ташкилоти террористӣ тағйир дода, аъзои онро аз зери чатри «мухолифони сиёсӣ» берун кашид.
Баъд аз шикастҳои пай дар пай ва ҳар чи бештар ошкор шудани чеҳраи аслии аъзои ташкилоти террористӣ дар соли 2018, роҳбари гурӯҳ дар ҷустуҷӯи шеваҳои нав афтод. Мунтаҳо ба ин натиҷа расид, ки бо иваз намудани симои зоҳирӣ ва тактикаи нав имкон дорад, дар кишварҳои аврупоӣ фаъолияти озоди ташкилоти террористиро таъмин намуда, дигар гурӯҳҳоро ба он ҳамроҳ кард. Вале, ин ҳилагари сиёсӣ яқин медонист, ки таҳти унвони мазҳабии «наҳзат» дар Аврупо ба ҳадафҳои муғризона даст ёфтан номумкин аст. Аз ин рӯ, дар андешаи таъсиси гурӯҳҳои хасакию камзарфияте, назири «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ҷунбиши муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо» афтод. Аммо, интизориҳо дар мавриди бо ин роҳ ҷалб намудани шаҳрвандон ва дигар неруҳои ақлонӣ ба аъзогии гурӯҳҳо бенатиҷа шуд. Нокомиҳо душманони миллатро дар идомаи амалҳои зиддимиллиашон ба таъсиси «паймон» - е водор кард, ки ба қавли Назрӣ Асадзода, ходими Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «аз лаҳзаи тавлидаш бо марг рӯ ба рӯ шуда, зуд аз ҷониби неруҳои ақлонии ҷомеа унвони «Паймони зиддимиллии Тоҷикистон» - ро ба худ ихтисос дод».
Азбаски дар гузашта, бархе созмонҳои байналмилалӣ аз фаъолиятҳои усулии наҳзатиҳо шинохти саҳеҳ надоштанд, ба ҷилванамоии онҳо ҳамчун гурӯҳи «таъқибшуда» ё «мухолифони сиёсӣ» - и ҷонибдори низоми демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон то ҷое бовар мекарданд. Ба ин далел, гоҳо барояшон минбар дода мешуд, ки он ҳам шомили баҳсу моҷароҳои зиёде буд. Вале, макри сиёсӣ дер напоид. Моҳи сентябри соли 2018 дар ҳошияи баргузории ҳамоиши солона роҷеъ ба баррасии иҷрои уҳдадориҳои марбут ба ченаки инсонӣ, ки аз ҷониби Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА баргузор шуд, парда аз рӯи ташкилоти террористӣ дарафтод.
Ҳузури намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа ва бо мадорики муътамад дар миён гузоштани ҷиноятҳои содирнамудаи саркардагону аъзои гурӯҳи ифротгаро дидгоҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва созмондиҳандагони конфронсро нисбат ба тими худхондаи «мухолифон» тағйир дод. Дар ҳамин ҳол, аксу наворҳои мунташиршуда аз ҷараёни конфронс ҳолати рӯҳии наҳзатиҳоро дар вазъияти бисёр сангин нишон медод. Зеро бо чунин иттифоқоти назар, акнун охирин умедҳо аз даст рафтаву замонати ёриҳои хоҷагон низ рӯ ба хатар овард.
Дарвоқеъ, бо дасисаву моҷароҷӯӣ, амалҳои ҷинояткорона, сангар гирифтан алайҳи манофеи давлату душманӣ бо халқ ва он ҳам дар ҷаҳони ҳассоси имрӯза наметавонад бори масъулияти «мухолиф» буданро бикашад. Зеро ба таъбири сиёсатшиносон «мухолиф он қувваҳои солимеро меноманд, ки дар рушди риштаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа ширкат меварзанд». Аз ҳамин нуқтаи назар метавон гуфт, ки наҳзатиҳо дар ягон давра, неруи мухолиф набуданд, ба ҷуз гурӯҳи ҷинояткору бадкеше, ки аз бунёд зидди арзишҳои миллӣ амал мекунанд.
Айни ҳол, чунин ба назар мерасад, ки ҳаракат дар масири рушду устувор ва иттиҳоди ҳар чи бештари мардум, иродаи созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва халқи тоҷик бадхоҳонро нороҳаттар кардааст, ки ҳамоно бо амалҳои моҷараҷӯёна аз худ дарак медиҳанд. Чунончи, дар ин авохир ин гурӯҳ, хилофи мавқеи пешинаи худу атрофиёнашон, ки бо тақозои кишвари пуштибон солшумории мелодиро қабул надоштанд, бо паёми солинавӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба зуҳур омад. Ифротгарои сарсахте домони сатру ҳиҷобро гирифт. Баҳси «босмачигарӣ» низ хеле гарм шуд ва мисли ҳамеша мавзӯи ҳуқуқи инсон ҳам бидуни хиҷолат дар миён буд. Вале, дар пайи ин гуна талошҳои заволпазиру беасар низ як нукта рӯшан аст, ки террористон ҳамоно кӯшиши таъсиррасонӣ ба афкори мардум, бесубот кардани вазъи дохилии кишварро идома медиҳанд, то аз мурооти минбаъдаи муассисону хоҷагони худ бенасиб намонанд.
Аслан, дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи тоҷик дар фазои сулҳу суботи комил барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои ниҳоии рушди мамлакат ба самти уфуқҳои тоза ҳаракат дорад, вокуниш ба амалҳои муғризонаи ин гурӯҳ арзише қоил нест. Зеро мардум бо нигоҳе ба сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ, ки тарроҳи аслии он ҳамин тоифаи мавриди назар буданд, дигар фирефтаи гурӯҳҳои хуношом нахоҳанд шуд ва посухи сазовор ба «идеолог» - ҳои зархаридро як навъ мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз макри душманон мешиносанд.
Фирӯз ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2019    №: 10    Мутолиа карданд: 291
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед