logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ ШАҲРИ ГУЛГУН

Имрӯзҳо  дар шаҳри Душанбе дар доираи иҷрои қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ  оид ба вусъати сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 шинондани ниҳолу буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола ба маъракаи оммавӣ табдил ёфтааст.

Мувофиқи иттилои нави  шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи раиси шаҳр, дар доираи иҷрои қарори раиси шаҳр аз 1 ноябри соли гузашта то имрӯз  дар ҳудуди пойтахт 46 ҳазору 515 бех ниҳоли дарахту буттаҳо шинонда шудааст. Аз ин миқдор дарахтони сояафкан 8 ҳазор, ороишӣ қариб 30 ҳазор, мевадиҳанда 5315 ва буттаҳо 2525 бехро ташкил медиҳанд. Хусусан, шинондани гулҳои мавсимию бисёрсола вусъати тоза гирифта, дар ин давра беш аз 2 миллиону 166 ҳазор дона гул шинонда шудааст. Аз ин шумора гули мавсимӣ қариб 872 ҳазор дона ва бисёрсола 297 ҳазору 498 донаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар гӯшаю канори шаҳр 1 миллиону 139 ҳазор пиёзаки гули лола коштаанд, ки  ҳусни пойтахтро боз ҳам зеботар менамоянд.
Баробари шинондани дарахту буттаҳо дар шаҳр ба сабзкорию васеъ намудани майдони майсазорҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар доираи қарори мазкур то ин дам дар 37 ҳазор метри мураббаъ майсазор бунёд шудааст.
Ҳамчунин, дар асоси қарори номбурда, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарону масъулони сохторҳои дахлдор, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории ҳудуди  пойтахт муваззаф гардидаанд, ки барои ба корҳои дарахтшинонию сабзкорӣ ҷалб намудани кормандони идораю муассисаҳо ва сокинони шаҳр мусоидат намуда, дар мавсими ниҳолшинонӣ саҳм гузоранд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2019    №: 10    Мутолиа карданд: 227
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед