logo

иҷтимоиёт

ФАЙЗОБОД. ҲАМКОРӢ БО СОҲИБКОРОН САМАР МЕДИҲАД

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати рушди фаъолият, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони маҳаллӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин дар доираи қонунгузории мамлакат, расондани ёрии ҳуқуқию моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу таҷрибаи онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар натиҷаи чунин тадбирҳо, шумораи соҳибкорон ва талошу кӯшиши онҳо барои ободонии деҳоти ноҳия сол ба сол афзуда истодааст.

Соҳибкори маҳаллӣ Ҷамоли Раҷаб, сокини Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳия, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор намуда, соли равон дар маркази ҷамоат ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ мағозаҳои хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, ҳаммоми замонавӣ, сартарошхона, устохонаи таъмири таҷҳизоти наворию садоӣ ва молҳои рӯзгорро сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.  Иншооти нав, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва шароити хизматрасонӣ таъминанд, симои маркази ҷамоатро зеботар намудаанд.
Соҳибкор аз Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ илҳоми тоза гирифта, ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 мақсад дорад, ки  имсол маркази боҳашамати хизматрасонии сайёҳию ҳунарҳои мардумиро  бунёд намуда,  бо ҳамаи шароитҳои замонавӣ таъмин созад. Ҳадаф  аз ин ташаббус гирдоварӣ ва муаррифии  дастовардҳои ҳунармандону косибони ватанӣ мебошад.  Аллакай дар ин ҷо таҳкурсии бино бунёд ёфта, корҳои дигари сохтмонӣ давом доранд.
- Паёми навбатии Пешвои миллат мо - соҳибкоронро водор мекунад, ки ба ободонии меҳан, хусусан ташкили марказҳои хизматрасонӣ, бештар таваҷҷуҳ намоем ва тавассути онҳо  ҷавононро бо ҷойи кор таъмин карда, ҳунару истеъдодашонро сайқал бахшем, - мегӯяд  Ҷамоли Раҷаб.
Чунин соҳибкорон дар ҳар як деҳу шаҳраки ноҳия зиёданд. Бархӯрдорӣ аз дастгириҳои давлату Ҳукумат онҳоро барои тавсеа бахшидани фаъолияти истеҳсолӣ ҳавасманд намудааст.  Тавре Сарвари давлат зимни ироаи Паём изҳор доштанд, давоми ду соли охир  қариб 2000 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ аз сабукиҳои андозию дигар пардохтҳо баҳравар гардида, дар пешрафти иқтисоди миллӣ саҳми босазо гузоштанд. Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқию иқтисодии  соҳибкорон, расондани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус ба субъектҳои навтаъсиси соҳибкорӣ, дар шаҳру навоҳии кишвар ташкили марказҳои таълимии махсус пешбинӣ шудааст. Ин тадбир дар роҳи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ иқдоми саривақтӣ буда, ба афзудани шумораи онҳо аз ҳисоби ҷавонони болаёқат  мусоидат менамояд.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 144

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед