иҷтимоиёт
ДУХТАРОН ДИГАР ХОНАШИН НЕСТАНД
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Душанбе» 50 ҷавондухтар аз оилаҳои ниёзманд ба курси кӯтоҳмуддати омӯзиши ройгон фаро гирифта шуд.
Ин гурӯҳи аввалини курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» буда, 25 нафари онҳо дар муддати кӯтоҳ тарзи омода намудани пироҳанҳои милливу аврупоӣ, адрасбофиву кашидадӯзӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ, попурзанӣ, шиму костюм, қуроқу қолиндӯзиро аз худ карданд.
Дар ҳамин росто, 25 тани дигар ба курси омӯзишии қаннодӣ фаро гирифта шуда, мувофиқи барномаи таълимӣ ба онҳо омода намудани 7 намуд хӯроки миллӣ, аз қабили манту, қурутоб, оши бурида, оши палов ва таҳияи 12 намуд маҳсулоти қаннодиву хӯриш омӯзонда шуд. Барои хатмкунандагон шаҳодатномаи тасдиқунандаи хатми курси омӯзишӣ дода шуд. Ҳадафи асосии баргузории машғулиятҳоро масъулон дар эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонаводагӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин ҷо 21 намуди курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст ва писарон низ метавонанд касбҳои дуредгариву кафшергарӣ, кулоливу хонасозиро омӯзанд. Касоне бо таълим фаро гирифта мешаванд, ки синнашон аз 15 боло бошад.
Паёми хуши дигар ин буд, ки ҳар сол курсҳои гуногуни маркази таълимии шаҳри Душанберо зиёда аз 3000 кас ба итмом мерасонанд ва дар коргоҳҳои гуногун бо кор фаро гирифта мешаванд.
Айни ҳол қисми зиёди духтароне, ки курсҳои мазкурро хатм кардаанд, дар фабрикаи қаннодии «Ширин» ва коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Душанбе шуғли доимӣ ётфаанд. Теъдоди муайянашон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар коргоҳҳои қаннодии Федератсияи Россия фаъолият доранд.
Шарифамоҳ НАЗАРОВА, омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2019 №: 11 Мутолиа карданд: 174