logo

иҷтимоиёт

ТАБИБОН БОЯД ДАСТУ ДИЛИ ПОК ДОШТА БОШАНД

Ҷамъбасти фаъолияти солонаи соҳаи тандурустии вилояти Хатлон нишон дод, ки бо вуҷуди пешравиҳо, камбудиҳо низ ҷой доранд. Муовини сардори раёсати тандурустии вилоят Матлуба Шоназарова зикр кард, ки соли сипаришуда барои соҳа аз он ҷиҳат бобарор буд, ки дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят миқдори зиёди беморхонаву марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ эъмор гардида, муассисаҳо бо таҷҳизоти зарурии муосир таъмин шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб, дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳа ва шуъбаи донишкада дар шаҳри Бохтар 1 ҳазору 132 нафар шунаванда аз шаҳру навоҳии вилоят ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ин тадбир, бешубҳа, дар пешрафти соҳа ва беҳтар шудани сатҳи хидматрасонӣ ба ниёзмандон мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи муовини сардори раёсат, камбудиҳои ҷиддии соҳа нарасидани мутахассисони равоншинос, иҷро нашудани нақшаи таъмини  кати хоб, дар баъзе беморхонаҳо таъсис дода нашудани ҳуҷраҳои хатна, ҷавобгӯи талабот набудани дараҷаи касбияти бархе аз табибон ва ҷой доштани ҳолати фавти модарон мебошанд. Сари вақт дарёфт ва бистарӣ намудани кӯдакони бемор дар сохтори госпиталии КАТС – и шаҳру навоҳӣ ба талабот ҷавобгӯ набуда, зиёда аз 70 дарсади кӯдакони бистаришуда пас аз муроҷиати волидон ба табобат фаро гирифта шудаанд. Бемории гепотит ва намудҳои гуногуни он соли сипаришуда бамаротиб афзуд.
Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, тазаккур дод, ки нарасидани мутахассисон дар шаҳру навоҳии вилоят нигаронкунанда аст, зеро масъулини ноҳияҳо ва сардухтурон ба ин масъала аҳамияти намедиҳанд. Агар хатмкардагони донишгоҳу коллеҷҳои тиббӣ бо ҷойи зист таъмин мешуданд, масъала ҳалли худро меёфт.
Зикр гардид, ки фаъолияти марказҳои солимии репродуктивӣ  дар баъзе шаҳру навоҳӣ ҷавобгӯи талабот нест. Биноан, тайи соли гузашта 14 фавти модар ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳам дар шаҳрҳои Норак, Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Данғара мебошад. Ин ҳолат кормандони соҳаи тандурустиро бояд бепарво нагузорад.
Фаъолият дар беморхонаҳои зиддисилӣ низ ба талабот ҷавобгӯ нест.
Дар кори муассисаҳои тиббии давлатӣ камбудиву норасоиҳои зиёд ба назар мерасанд. Беморон ҳоло ҳам маблағи хидматрасониро дар хазина намесупоранд.
 Дар интиҳои ҷамъомад, аҳли раёсат таъкид карданд, ки табибон бояд чун хилъати сафеди бабарнамудаашон дилу нияти пок дошта, хушмуомилаю хушгуфтор ва нафсшикаста бошанд, он гоҳ ҳам хизматрасонӣ хуб мешавад ва ҳам беморон аз фаъолияти табибон қаноатманд мегарданд.
Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 308
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед