logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ. ВАҚТЕ СУХАН АЗ ЛИБОСИ МИЛЛӢ МЕРАВАД...

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгорие аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебоиашро гум накардааст.

Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ дар миёни ҷавонон ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори атласи оламшумул дар ақсои ҷаҳон шуҳратёр гаштааст.
Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанд. Рангҳои атлас, ки тирукамони баҳориро мемонанд, ифодагари осоиштагӣ мебошанд. 
Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хоссаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман  симои зан-модар бо сарулибоси хосса пеши назар меояд. Мутаассифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кӯтоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ ва ҳиҷоб густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён меорад. Ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буда, ба либоси миллии мо робитае  надорад. Ҳиҷоби сиёҳ ба фарҳанги мо куллан бегона аст. Вале, имрӯз баъзе бонувони мо бешуурона майл ба либоси бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намебаранд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.
Пажӯҳишгоҳи илмии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамали тавсиявии либосҳои миллиро барои занону духтарон манзури ҷомеа гардонд, ки дар таҳияи он вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш саҳм гузоштаанд. Дастурамал аз 11 бахш иборат буда, он вобаста ба синну сол ва хусусиятҳои этнографии аҳолии минтақаҳои кишвар либосҳои миллиро тавсия медиҳад. Мо бояд аз ин дастур кор бигирем.
Мо, тоҷикон, мардуми сарфарозу бадавлатем, ҷумҳурии соҳибистиқлол, ягона,  ҳуқуқбунёд, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Пас, месазад, ки ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба ояндагон бирасонем.
Малоҳат БОБОБЕКОВА,
муаллимаи таърих ва ҳуқуқи МТМУ № 60 ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2019    №: 12    Мутолиа карданд: 344
08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед